Шароби Лаъл Кашу Рӯи Маҳҷабинон Бин,

Шароби лаъл кашу рӯи маҳҷабинон бин,
Хилофи мазҳаби онон ҷамоли инон бин!
Ба зери далқи муламмаъ камандҳо доранд,
Дароздастии ин кӯтаҳостинон бин!
Ба хирмани ду ҷаҳон сар фурӯ намеоранд,
Димоғи кибри гадоёну хӯшачинон бин!
Баҳои ними карашма ҳазор ҷон талабанд,
Ниёзи аҳли дилу нози нозанинон бин!
Ҳуқуқи сӯҳбати моро ба бод доду бирафт,
Вафои сӯҳбати ёрону ҳамнишинон бин!
Асири ишқ шудан чораи халоси ман аст,
Замири оқибатандеши пешбинон бин!
Кудурат аз дили Ҳофиз бибурд сӯҳбати дӯст,
Сафои ҳиммати покону покдинон бин!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.