Шарбате Аз Лаби Лаълаш Начашидему Бирафт,

Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт,
Рӯи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт.
Гӯй аз, сӯҳбати мо нек ба танг омада буд,
Бор барбасту ба гардаш нарасидему бирафт.
Баски мо фотиҳаву ҳирзи ямонӣ хондем
В-аз паяш сураи ихлос дамидему бирафт.
Ишва доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Дидӣ охир, ки чунин ишва харидему бирафт,
Шуд чамон дар чамани ҳусну латофат, лекии
Дар гулистони висолаш начамидему бирафт.
Ҳамчу Ҳофиз ҳама шаб нолаву зорӣ кардем,
К-эй дареғо ба видоаш нарасидему бирафт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.