Дареғо, модари пирам, дареғо, – Лоик Шерали

Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир, Кунун бе ту замингирам, дареғо.

Read More..

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман – Лоик Шерали

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман Сарафрозӣ ба олам, додари ман? Замин то осмон розиям аз ту, Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Read More..

Аё модар, мадори ман ту будӣ, – Лоик Шерали

Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Read More..

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, – Лоик Шерали

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.

Read More..

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, – Лоик Шерали

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Read More..

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, – Лоик Шерали

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ, эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан, Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Read More..

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, – Лоик Шерали

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Read More..

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, – Лоик Шерали

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам!

Read More..

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам, – Лоик Шерали

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам, Ман мӯи сафеди хешро бишморам. Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад, Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

Read More..

Як мушт зи хоки модари хушназарам, – Лоик Шерали

Як мушт зи хоки модари хушназарам, Мушти дигаре зи хоки поки падарам Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

Read More..

Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро – Лоик Шерали

Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро? Аз синаи гарми хеш берун кардҳ, Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

Read More..

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, – Лоик Шерали

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, Фазоеро паи парвоз доданд, Чу моро модарон зоданд рӯзе, Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

Read More..

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, – Лоик Шерали

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, Ҳам қимати қомати расоям будӣ. З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман, Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Read More..

Сари гӯри ту биншастам даме чанд, – Лоик Шерали

Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Read More..

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, – Лоик Шерали

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, Дунё баумед асту умедам додӣ. То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ, Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Read More..

Аё модар, ба қурбони ту мирам, – Лоик Шерали

Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Read More..

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, – Лоик Шерали

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, Худои умри ман, пайғамбари ман. Сарам дар бистари марг аст имрӯз Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Read More..