Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳабиб Каъбаи Ҷон Аст Агар Намедонед – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳабиб Каъбаи Ҷон Аст Агар Намедонед – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳабиб Каъбаи ҷон аст, агар намедонед, Ба ҳар тараф, ки бигардед, рӯ бигардонед! Ки ҷон вай аст ба олам, агар шумо ҷисмед, Ки ҷони ҷумлаи ҷонҳост, агар шумо ҷонед! Нидо баромад имшаб, ки ҷони кист фидо?! Биҷаст ҷони ман аз ҷо, ки нақд бистонед! Ҳазор нукта набиштаст ишқ бар рӯям, Зи ҳоли дил чу шумо ошиқед, бархонед! Чи соғар аст, ки ҳар дам ба ошиқон ояд?! Шумо кашед чунин соғаре, ки мардонед! Ки ишқ боғу тамошост, агар малӯл шавед, Ҳаво-ш маркаби тозист, агар фурӯ монед! Чу обу нони ҳама моҳиён зи баҳр бувад, Чу моҳиед, чаро ошиқи лаби нонед?! Қаробаест пур аз ранҷу номи ӯ ҷисм аст, Ба санг-б... »

Ту Маро Ҷону Ҷаҳонӣ Чӣ Кунам Ҷону Ҷаҳонро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ту Маро Ҷону Ҷаҳонӣ Чӣ Кунам Ҷону Ҷаҳонро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ту маро ҷону ҷаҳонӣ, чӣ кунам ҷону ҷаҳонро! Ту маро ганҷи равонӣ, чӣ кунам суду зиёнро?! Нафасе ёри шаробам, нафасе ёри кабобам, Чу дар ин даври харобам, чӣ кунам даври замонро?! Зи ҳама халқ рамидам, зи ҳама боз раҳидам, На ниҳонам, на падидам, чӣ кунам кавну маконро?! Зи висоли ту хуморам, сари махлуқ надорам, Чу туро сайду шикорам, чӣ кунам тиру камонро?! Чу ман анадар таги ҷӯям, чӣ равам, об чӣ ҷӯям?! Чӣ тавон гуфт, чӣ гӯям сифат ин ҷӯйи равонро?! Чу ниҳодам сари ҳастӣ, чӣ кашам бори куҳеро?! Чу маро гург шубон шуд, чӣ кашам нози шубонро? Чӣ хушӣ ишқ, чӣ мастӣ, чу қадаҳ бар кафи дастӣ, Хун... »

Соқиё Бархезу Май Дар Ҷом Кун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Соқиё Бархезу Май Дар Ҷом Кун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Соқиё, бархезу май дар ҷом кун В-аз шароби ишқ дилро дом кун! Номи риндиро бикун бар худ дуруст, Хештанро лоуболӣ ном кун! Чархи гарданда туро чун ром шуд, Маркаби бемаркабиро ром кун! Оташи бебокӣ андар чарх зан, Хоки тира бар сари айём кун! Мазҳаби зуннорбандон пеша гир, Хидмати Ковусу Озар ном кун! »

Рӯйи Ту Чун Рӯйи Мор Хӯйи Ту Заҳри Қадид – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯйи Ту Чун Рӯйи Мор Хӯйи Ту Заҳри Қадид – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид, Ай хунук онро, ки ӯ рӯйи шуморо надид! Ман шуда миҳмони ту, дар чамани ҷони ту Пой пур аз хор шуд, даст яке гул начид! Ай масали хорпушт гирди ту хори дурушт, Хори ту моро бикушт, мори ту моро газид! Бо ту мувофиқ шудам, бо ту мунофиқ шудам, Бар даба ошиқ шудам, дар даба зайти палид! »

Ошиқонро Гарчи Дар Ботин Ҷаҳоне Дигар Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ошиқонро Гарчи Дар Ботин Ҷаҳоне Дигар Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ошиқонро гарчи дар ботин ҷаҳоне дигар аст, Ишқи он дилдори моро завқу ҷоне дигар аст! Синаҳои равшанон бас ғайбҳо донанд, лек Синаи ушшоқи ӯро ғайбдоне дигар аст! Бас забони ҳикмат андар шавқи сирраш гӯш шуд, З-он ки мар асрори ӯро тарҷумоне дигар аст! Як замини нуқра, бин, аз лутфи ӯ дар айни ҷон, То бидонӣ, к-он маҳамро осмоне дигар аст! Ақлу ишқу маърифат шуд нардбони боми Ҳақ, Лек Ҳақро дар ҳақиқат нардбоне дигар аст! Шабравон аз шоҳи ақлу посбон он сӯ шаванд, Лек он ҷонро аз он сӯ посбоне дигар аст! Дилбарони роҳи маънӣ бо диле оҷиз буданд, Ваҳшиён омад, ки дилро дилситоне дигар аст! Ай з... »

Омадастем То Чунон Гардем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Омадастем То Чунон Гардем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Омадастем, то чунон гардем, Ки чу хуршед ҷумла ҷон гардем! Мӯнису ёри ғамгинон бошем, Гулу гулзори хокиён гардем! Чанд касро наем хос чу зар, Бар ҳама ҳамчу баҳру кон гардем! Ҷон намоем ҷисми оламро, Қурратулъайни дидагон гардем! Чун замин нестем яғмогоҳ, Эману хуш чу осмон гардем! Ҳар ки тарсон бувад чу тарсоён, Ҳамчу имон бар ӯ амон гардем! Ҳин, хамуш кун, аз он ҳам афзунем, Ки бар алфозу бар забон гардем! »

Нанги Олам Шудан Аз Баҳри Ту Нанге Набувад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нанги Олам Шудан Аз Баҳри Ту Нанге Набувад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нанги олам шудан аз баҳри ту нанге набувад, Бо дили мурдадилон ҳоҷати ҷанге набувад! Ишқ ширинии ҷон асту ҳама чошнӣ аст, Чошниву мазаро сурату ранге набувад! Ишқ шохест зи дарё, ки дарояд дар дил, Ҷойи дарёву гуҳар синаи танге набувад! Соҳили нафс раҳо кун, ба таги дарё рав, К-андар ин баҳр туро хавфи наҳанге набувад! Сурати ҳар ду ҷаҳон ҷумла зи ойӣнаи ишқ Бинамояд, чу ки бар ойина занге набувад! Кори рӯбаҳ набувад ишқ, ки ҳар рӯбаҳро Ҳамлаи шери нару кибри паланге набувад! »

Миъдаро Пур Кардайӣ Дӯш Аз Хамиру Аз Фатир – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Миъдаро Пур Кардайӣ Дӯш Аз Хамиру Аз Фатир – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Миъдаро пур кардайӣ дӯш аз хамиру аз фатир, Хоб омад, чашм пур шуд, к-он чи меҷустӣ, бигир! Баъди пурхӯрдан чӣ ояд?! Хоби ғафлат ё ҳадас! Ёри бодинҷон чӣ бошад?! Сирка бошад ё ки сир! Сӯз агар аз рӯҳ хоҳӣ, хоҷа, кам кун луқмаро, Гавз агар мафтӯҳ хоҳӣ, косаро дар пеш гир! Ай Худо, ҷонро пазиро кун зи зарқи поки хеш, То намонад чун сагон мурдор ҳар луқмапазир! Вақти рӯза аз миёни дил барояд нола зор, Баъди хӯрдан аз раҳи зерин кушояд парда зер. »

Ман Туам Ту Манӣ Ай Дӯст Марав Аз Бари Хеш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман Туам Ту Манӣ Ай Дӯст Марав Аз Бари Хеш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман туам, ту манӣ, ай дӯст, марав аз бари хеш, Хешро ғайр маянгору марон аз дари хеш! Сару по гум макун аз фитнаи бепоёнат, То чу ҳайрон бизанам пойи ҷафо бар сари хеш! Он ки чун соя зи шахси ту ҷудо нест, манам, Макаш, ай дӯст, ту бар сояи худ ханҷари хеш! Ай дарахте, ки ба ҳар сӯ-т ҳазорон соя-ст, Сояҳоро бинавозу мабур аз гавҳари хеш! Сояҳоро ҳама пинҳон куну фонӣ дар нур, Баркушо талъати хуршеди рухи анвари хеш! Мулки дил аз дудилии ту мухаббат гаштаст, Бар сари тахт баро, по макаш аз минбари хеш! Ақл тоҷ аст, чунин гуфт ба тамсил Алӣ, Тоҷро гавҳари нав бахш ту аз гавҳари хеш! »

Куҷойӣ Соқиё Дардиҳ Мудомам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Куҷойӣ Соқиё Дардиҳ Мудомам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Куҷойӣ, соқиё, дардиҳ мудомам, Ки ман аз ҷон ғуломатро ғуломам! Май андардиҳ, тиҳидастам чӣ дорӣ, Ки аз хуни ҷигар пур гашт ҷонам! Зи нанги ман нагӯяд номи ман кас, Чу ман марде чи ҷойи нангу номам?! Чу бар ҷомам задӣ шамшери ишқат, Тамомам кун, ки зиндай нотамомам! Гаҳам зоҳид ҳамехонанду гаҳ ринд, Мани мискин надонам, то кадомам?! Зи ман чун шамъ то як зарра боқист, Нахоҳад буд ҷуз оташ мақомам! Маро ҷуз сӯхтан роҳи дигар нест, Биё, то хуш бисӯзам, з-он ки хомам! »

Имрӯз Хандонему Хуш К – Он Бахти Хандон Мерасад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз Хандонему Хуш К – Он Бахти Хандон Мерасад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз хандонему хуш, к – он бахти хандон мерасад, Султони султонони мо аз сӯйи майдон мерасад! Имрӯз тавба бишканам, парҳезро барҳам занам, К- он Юсуфи Канъони ман аз шаҳри Канъон мерасад! Масту хиромон меравам, пӯшида чун ҷон меравам, Пурсону ҷӯён меравам он сӯ, ки султон мерасад! Иқбол ободон шуда, дастори дил вайрон шуда, Афтон шуда, хезон шуда, к – аз базми мастон мерасад! Фармони мо кун, ай писар, бо мо вафо кун, ай писар, Нася раҳо кун, ай писар, к – имрӯз фармон мерасад! Пурнур шав чун осмон, сарсабз шав чун бӯстон, Шав ошно чун моҳиён, к-он баҳри Уммон мерасад! Ҳон, а... »

Зарра-Зарра Офтоби Ишқ Дурдихор Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зарра-Зарра Офтоби Ишқ Дурдихор Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зарра-зарра офтоби ишқ дурдихор бод, Мӯбамӯйи мо бад-он сар Ҷафъари Тайёр бод! Зарраҳо бар офтобат ҳар замон бар мезананд, Ҳар ки ин бар хӯрд аз ту, аз ту бархурдор бод! Ҳар куҷо як тори мӯят бар ҳавас сар мениҳад, Тори моро пуд боду пуди моро тор бод! Дар биёбони ғам аз дурии дорулмулки васл Чанд ғамбардор будастам, ки ғам бар дор бод! Хори мискине, ки ҳар дам таънаи гул мекашад, Хоҷаи гулзор боду аз ҳасад гул зор бод! Гулпарастони чаманро душмани махфист мор, Ин чаман бе мор боду душманаш бемор бод! Чунки ғамхоре набошад, сахт душвор аст ғам, Ҳамнишин ғамхор боду баъд аз ин ғам хор бод! »

Дигар Бор Ин Дилам Оташ Гирифтаст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дигар Бор Ин Дилам Оташ Гирифтаст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дигар бор ин дилам оташ гирифтаст, Раҳо кун, то бигирад, хуш гирифтаст! Бисӯзон дил дар ин барқу мазан дам, Ки ақлам абри савдоваш гирифтаст! Дигар бор ин дилам хобе бидидаст, Ки хуни дил ҳама мафраш гирифтаст! Чу соя кул фано гардам, азеро Ҷаҳон хуршеди лашкаркаш гирифтаст! Дилам ҳар шаб ба дуздиву хиёнат Зи лаъли ёри султонваш гирифтаст! Куҷо пинҳон шавад дуздии дузде, Ки моли хасм зери каш гирифтаст?! Басе ҷон, ки ҳаме паррад зи қолаб, Вале пояш ҳарифи каш гирифтаст! Зи завқи захми тираш ин дили ман Ба дандон гӯшаи таркаш гирифтаст! »

Гуфтам Ба Маҳе К-Аз Ту Сад Гуна Тараб Дорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гуфтам Ба Маҳе К-Аз Ту Сад Гуна Тараб Дорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гуфтам ба маҳе, к-аз ту сад гуна тараб дорам, Гуфто, ки ба ғайри он сад чизи аҷаб дорам! Гуфтам, ки дар ин бозӣ моро сабабе созӣ? Гуфто, ки ман ин бозӣ беруни сабаб дорам! Ҳар тойифа бо қавме хешиву насаб доранд, Ман бо ғами ишқи ту хешиву насаб дорам! Берун машав аз дида, ай нури писандида, К-аз давлати нури ту матлуб талаб дорам! Онам, ки зи ҳар оҳаш дар чарх занам оташ В-аз оташи бар оташ аз ишқ лаҳаб дорам! »

Вақтат Хушу Вақтат Хуш Ҳалвойиву Шаккаркаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Вақтат Хушу Вақтат Хуш Ҳалвойиву Шаккаркаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш, Ҷамшед туро чокар, хуршед туро мафраш! Бихром, биё, к-ин дам, валлаҳ, ки намегунҷад Не меваву не шева, не чарху маҳи маҳваш! Ҷуз мову туву ҷоме дарё кафи хушноме, Чун дег маҷӯш аз ғам, чун рег биё, даркаш! З-он сӯй чу бигзаштам, шаш-панҷзанаш гаштам, Ё Раб, ки чиҳо дорад з-он ҷониби панҷу шаш?! Носохта афтодам дар доми ту, ай хушдам, Ай бодаи дар бода, ай оташи дар оташ! Не бас куну не бас кун, худро ҳама ахрас кун, К-ин нест қироъоте, к-аш фаҳм кунад ахфаш! »

Биҷӯшед Биҷӯшед Ки Мо Баҳри Шиъорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биҷӯшед Биҷӯшед Ки Мо Баҳри Шиъорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиъорем, Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ, дигар кор надорем! Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок, Ба ҷуз миҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем! Чи мастем, чи мастем аз он шоҳ, ки ҳастем! Биёед, биёед, ки то даст барорем! Чи донем, чи донем, ки мо дӯш чи хӯрдем? Ки имрӯз ҳама рӯз хамирему хуморем! Мапурсед, мапурсед зи аҳволи ҳақиқат, Ки мо бодапарастем, на паймонашуморем! Шумо маст нагаштед в-аз он бода нахӯрдед, Чи донед, чи донед, ки мо дар чи шикорем?! Наяфтем бар ин хокситон, мо на ҳасирем, Бароем бар ин чарх, ки мо марди ҳисорем! »

Бигӯ Ай Ёри Ҳамроз Ин Чи Шева-Ст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бигӯ Ай Ёри Ҳамроз Ин Чи Шева-Ст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст! Дигаргун гаштайӣ боз, ин чи шева-ст? Аҷаб, ай турки хушранг, ин чи ранг аст?! Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чи шева-ст?! Дигар бор ин чи дом асту чи дона-ст?! Ки моро куштӣ аз ноз, ин чи шева-ст?! Даридӣ пардаи мо, ин чи парда-ст?! Яке парда барандоз, ин чи шева-ст?! Манам он куҳнаишқе, ки дигар бор Гирифтам ишқ аз оғоз, ин чи шева-ст?! Мусалмонон, шумо ин шӯр бинед, Ки мислаш нест ҳанбоз, ин чи шева-ст?! Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз, Яке пинҳон се ғаммоз, ин чи шева-ст?! »

Ба Ҳарифон Бинишин Хоб Марав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба Ҳарифон Бинишин Хоб Марав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба ҳарифон бинишин, хоб марав, Ҳамчу моҳӣ ба таки об марав! Ҳамчу дарё ҳама шаб ҷӯшон бош, Не, пароканда чу селоб марав! Оби ҳайвон, ки дар торикист, Биталаб дар шабу маштоб, марав! Шабравони фалакӣ пурнуранд, Ту ҳам аз суҳбати асҳоб марав! Шамъи бедор на дар ташти зар аст, Ба замин – дар ту чу симоб марав! Шабравонро бинамояд маҳ рӯ, Мунтазир шав, шаби маҳтоб марав! »

Ай Ҷони Латифу Ай Ҷаҳонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Ҷони Латифу Ай Ҷаҳонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ҷони латифу ай ҷаҳонам, Аз хоби гарон-т барҷаҳонам. Бе шарму ҳаё кунам тақозо, Донӣ, ки ғарими беамонам. Гар бар дили ту ғубор бинам, Аз ашки худаш фурӯ нишонам. Ай гулбуни ҷон, барои маҷлис Бигрифтаамат, ки гул фишонам. Як бӯса бидиҳ, ки андар ин роҳ Ман боҷи ақиқ меситонам. Бисёр шаб аст, к-андар ин дашт, Ман аз пайи боҷи роҳбонам. Шаб наъра занам чу посбонон, Чун толиби боҷи корвонам. Ҳамхона гурехт аз нафирам, Ҳамсоя гурехт аз фиғонам! »

Ай Нафси Чу Саг Охир То Чанд Занӣ Дандон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Нафси Чу Саг Охир То Чанд Занӣ Дандон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон! В-аз кибри касон ранҷӣ в-андар ту дусад чандон! Гирёниву пурзаҳрӣ, бо халқ чӣ бо қаҳрӣ, Монанди сари бирёнгашта, ки манам хандон?! Ман сӯфии босуфам, ман омири маъруфам, Чун шаҳна бувад он кас, к-ӯ бошад дар зиндон?! Маъзурии худ дида, дар хеш турунҷида, Узри дигарон хоҳад аз боби ҳунармандон! Бар донишу ҳоли худ таъвил кунӣ Қуръон, В-он гоҳ ҳам аз Қуръон дар халқ занӣ сандон! Оби ҳаявон ёбӣ, гар хок шавӣ раҳро, В-аз боду бурут ойӣ дар нор ту дарбандон! Бигрез аз ин дарбанд, бар ҷумла ту дар дарбанд, Ҷуз Шамси Ҳақи Табрез – султони шакарқандон! »

Аз Ин Пастӣ Ба Сӯйи Осмон Шав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз Ин Пастӣ Ба Сӯйи Осмон Шав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз ин пастӣ ба сӯйи осмон шав, Равонат шод бодо, хуш равон шав! Зи шаҳри пуртабу ларза биҷастӣ, Ба шодӣ сокини доруламон шав! Агар шуд нақши тан, наққошро бош, Вагар вайрон шуд ин тан, ҷумла ҷон шав! Вагар рӯй аз аҷал шуд заъфаронӣ, Муқими лолазору арғавон шав! Вагар дарҳои роҳат бар ту бастанд, Биё аз роҳи бому нардбон шав! Вагар танҳо шудӣ аз ёру асҳоб, Ба ёрии Худо соҳибқирон шав! Вагар аз обу аз нон дур мондӣ, Чу нон шав қути ҷонҳову чунон шав! »

Ай Зи Рӯят Тофта Дар Ҳар Замоне Нури Нав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Зи Рӯят Тофта Дар Ҳар Замоне Нури Нав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав, В-ай зи нурат нақш баста ҳар замоне ҳури нав! Каж нишину рост биншав, ақл монад ё хирад, Соқие чун туву ҳар дам бодаи мансури нав! Кӣ тавонад шишаеро з-оташе бардоштан?! Ё майи куҳна кӣ донад сохтан з-ангури нав?! Майчашону майкашон равшандилонро ҷавқ-ҷавқ, Тоза мекун ин ҷаҳони куҳнаро аз шӯри нав! Ишқи ишратпешайӣ, ки давлатат поянда бод, Рӯз-рӯзат иди тоза, ҳар шабонгаҳ сури нав! »

Чун Дар Адам Оему Сар Аз Ёр Барорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чун Дар Адам Оему Сар Аз Ёр Барорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чун дар адам оему сар аз ёр барорем, Аз санги сияҳ наъраи иқрор барорем! Бар коргаҳи дӯст чу бар кор нишинем, Мар ҷумла ҷаҳонро ҳама аз кор барорем! Гулзори рухи дӯст чу бепарда бибинем, Сад шуъла зи ишқ аз гулу гулзор барорем! Бар Дулдули дил чун фиканад давлати мо зин, Бас гард, ки мо аз раҳи асрор барорем! Чун аз майи Шамсулҳақи Табрез бинӯшем, Сад ҷӯши аҷаб аз хуму хаммор барорем! »

Чи Таваққуф Аст З-Ин Пас Ҳама Корвон Равон Шуд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чи Таваққуф Аст З-Ин Пас Ҳама Корвон Равон Шуд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чи таваққуф аст з-ин пас, ҳама корвон равон шуд, Нигарад шутур ба уштур, ки биё, ки сорбон шуд! Зи чапу зи рост, бингар, ба қаторҳои бемар, Пайи рӯз ҳамчу соя ба тариқи осмон шуд! На зи ломакон расидӣ, ҳама чиз аз он кашидӣ, Дили ту чаро надонад ба хушӣ ба ломакон шуд?! Ҳама рӯз лаъб кардӣ, ғами хона худ нах(в)ардӣ, Суви хона бояд акнун дижаму кашон-кашон шуд! Ту биханд, ханда авло, ки равон шавӣ ба мавло, Карамаш раво надорад, ба карим бадгумон шуд! »

Ҳар Шаб Ки Бувад Қоъидаи Суфра Ниҳодан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар Шаб Ки Бувад Қоъидаи Суфра Ниҳодан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан, Моро зи хаёли ту бувад рӯза кушодан! Ай лутфи туро қоиъда бар рӯзакушоён, Монанди Масеҳо зи фалак мойида додан! Чун қути дил аз матбахи савдои ту бошад, Бояд ба миён рафтану дар лут фитодан! Моро ҳам аз он оташи дил оби ҳаёт аст, Бар оташи дил шод бисӯзем чу лодан! Кори ҳайавон аст, на кори дилу ҷон аст Дар хок бипӯсидану аз хок бизодан! »

Хоб Аз Пайи Он Омад То Ақли Ту Бистонад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хоб Аз Пайи Он Омад То Ақли Ту Бистонад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хоб аз пайи он омад, то ақли ту бистонад, Девона куҷо хусбад, девона чӣ шаб донад?! Не рӯз бувад, не шаб дар мазҳаби девона, Он чиз, ки ӯ дорад, ӯ донаду ӯ донад! Аз гардиши гардун шуд рӯзу шаби ин олам, Девонаи он ҷоро гардун бинагардонад! Гар чашми сараш хусбад, бе сар ҳама чашм аст ӯ, К-аз дидаи ҷони худ лавҳи азалӣ хонад! Девонагӣ ар хоҳӣ, чун мурғ шаву моҳӣ, Бо хоб чу ҳамроҳӣ, он бо ту куҷо бошад?! Шабрав шаву айёре дар ишқи чунон ёре, То боз шавад коре з-он турра, ки бифшонад! Девона дигар сон аст, ӯ ҳомилаи ҷон аст, Чашмаш чу ба ҷонон аст, ҳамлаш на бад-ӯ монад! З-ин шарҳ агар хоҳӣ аз Ш... »

То Ба Кай Ай Шакар Чу Тан Бе Дилу Ҷон Фиғон Кунам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То Ба Кай Ай Шакар Чу Тан Бе Дилу Ҷон Фиғон Кунам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То ба кай, ай шакар, чу тан бе дилу ҷон фиғон кунам! Чанд зи баргрези ғам зард шавам, хазон кунам?! Аз ғаму андуҳони ман сӯхт даруни ҷони ман, Ҷумла фурӯғи оташин то ба кайаш ниҳон кунам?! Чанд зи дӯст душманӣ, ҷон шиканиву тан занӣ, Чанд мани шикастадил навҳаи тан ба ҷон кунам?! Мӯъмини ишқам, ай санам, наъраи ишқ мезанам, Ҳамчу асиракон зи ғам то ба кай алъамон кунам?! Чунки хаёли ту саҳар сӯйи ман ояд, ай қамар, Чун гузарад зи мавҷи хун, хоса, ки хун фишон кунам?! Санг шуд об аз ғамам, оҳ, на сангу оҳанам, К-оташ рӯяд аз танам, чун ки ҳадиси он кунам?! Ай Табрез, Шамси дин бо ту қарину чун ... »

Себаке Ним Сурху Ниме Зард – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Себаке Ним Сурху Ниме Зард – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Себаке ним сурху ниме зард Заъфарон лоларо ҳикоят кард: Чун ҷудо гашт ошиқ аз маъшуқ, Нимае ханда буду ниме дард. Сустпойе бимонда бар ҷойе, Пок мекард аз рухи маҳ гард. Даст мекӯфт, низ мелофид, К-инчунин санъате касе н-овард! Саъваи паршикастае дидӣ, Байзаи чарх зери пар парвард?! Боз шуд хандахонаи ин ҷо, Рав, биҷӯ ёри хандае, ай мард! Боз то кай кунанд ин зиштон, Бозгуна ҳаме равад ин нард! Ҷуфту тоқ аз чи рӯй мебозанд, Чун надонанд ҷуфтро аз фард?! Баҳил ин, то ба ёри хеш равем, Он ки рӯяш ҳазор лолаву вард! »

Риндон Саломат Мекунанд Ҷонро Ғуломат Мекунанд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Риндон Саломат Мекунанд Ҷонро Ғуломат Мекунанд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Риндон саломат мекунанд, ҷонро ғуломат мекунанд, Мастӣ зи ҷомат мекунанд, мастон саломат мекунанд! Дар ишқ гаштам фоштар в – аз ҳамгинон қаллоштар, В – аз дилбарон хушбоштар, мастон саломат мекунанд! Ғавғои рӯҳонӣ нигар, селоби тӯфонӣ нигар, Хуршеди раббонӣ нигар, мастон саломат мекунанд! Афсун маро гӯяд касе, тавба зи ман ҷӯяд касе, Бе по чу ман пӯяд касе, мастон саломат мекунанд! Ай орзуи орзу, он пардаро бардор аз ӯ, Ман кас намедонам ҷуз ӯ, мастон саломат мекунанд! Ай абри хушборон, биё, в-ай мастии ёрон, биё, В – ай шоҳи тарророн, биё, мастон саломат мекунанд! Ҳайрон кун... »

Оройиши Боғ Омад Ин Рӯй Чи Рӯй Аст Ин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Оройиши Боғ Омад Ин Рӯй Чи Рӯй Аст Ин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Оройиши боғ омад ин рӯй, чи рӯй аст ин! Мастии димоғ омад ин бӯй, чи бӯй аст ин?! Ин хонаи ҷаннот аст ё кӯйи харобот аст, Ё Раб, ки чи хона-ст ин, ё Раб, ки чи кӯй аст ин?! Дар дил сифати Кавсар, ҷӯйе зи майи аҳмар, Дил пур шуда аз дилбар, ё Раб, ки чи ҷӯй аст ин?! Ай бар сари ҳар пушта аз дарди ту сад кушта, Ту парда фурӯ ҳишта, ай дӯст, чи хӯй аст ин?! Ҷонҳо, ки ба завқ омад, дар ишқ ду ҷавқ омад, Дар ишқ шароб аст он, дар ишқ сабӯй аст ин! »

Ойинаам Ман Ойинаам Ман То Ки Бидидам Рӯйи Чу Моҳаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ойинаам Ман Ойинаам Ман То Ки Бидидам Рӯйи Чу Моҳаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ойинаам ман, ойинаам ман, то ки бидидам рӯйи чу моҳаш, Чашми ҷаҳонам, чашми ҷаҳонам, то ки бидидам чашми сиёҳаш! Чарху замин шуд, чарху замин шуд ҷаннати маъво, роҳати ҷонҳо, То ки баромад, то ки баромад бар кӯҳи ҷуде хайлу сипоҳаш! Пуштқавӣ шуд, пуштқавӣ шуд ахтари давлат, адлу иноят, Чун нашавад шаҳ, чун нашавад шаҳ, он ки ту бошӣ пушту паноҳаш?! Шӯразамине, шӯразамине, к-аз ту кашад ӯ оби баҳорӣ, Сабзтар омад, сабзтар омад аз ҳама ҷоҳо кишту гиёҳаш! Рӯйи чу моҳат, рӯйи чу моҳат баст гарав дӣ бо маҳу ахтар, Гашт гаравгон, гашт гаравгон моҳу саморо зулфи сиёҳаш! Силсилаҷунбон, силсилаҷунбон г... »

Мутрибо Асрори Моро Бозгӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мутрибо Асрори Моро Бозгӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мутрибо, асрори моро бозгӯ, Қиссаҳои ҷонфазоро бозгӯ! Мо даҳон барбастаем имрӯз аз ӯ, Ту ҳадиси дилкушоро бозгӯ! Ман гаронгӯшам, биниҳ рух бар рухам, Ваъдаи он хушлиқоро бозгӯ! Моҷарое рафт ҷонро дар аласт, Бозгӯ он моҷароро, бозгӯ! Махзани инно фатаҳно баркушо, Сирри ҷони Мустафоро бозгӯ! Мустаҷоб омад дуъойи ошиқон, Ай дуъогӯ, он дуъоро бозгӯ! Чун Салоҳуддин салоҳи ҷони мост, Он салоҳи ҷонҳоро бозгӯ! »

Махусб Ай Ёри Миҳмондор Имшаб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Махусб Ай Ёри Миҳмондор Имшаб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Махусб, ай ёри миҳмондор, имшаб, Ки ту рӯҳиву мо бемор имшаб! Бурун кун хобро аз чашми асрор, Ки то пайдо шавад асрор имшаб! Агар ту Муштарийӣ, гирди маҳ гард, Ба гирди гунбади даввор имшаб! Шикори Насри Тойирро ба гардун Чу ҷони Ҷафъари Тайёр имшаб! Туро Ҳақ дод сайқал, то зудойӣ Зи ҳаҷри азрақи зангор имша! Биҳамдуллаҳ, ки халқон ҷумла хуфтанд Ва ман бо Холиқам бар кор имшаб! Зиҳӣ карру фару иқболи бедор, Ки Ҳақ бедору мо бедор имшаб! Агар чашмам бихусбад то саҳаргоҳ, Зи чашми худ шавам безор имшаб! Агар бозор холӣ шуд, ту бингар Ба Роҳи Каҳкашон бозор имшаб! Шаби мо рӯзи он исторагон аст, К... »

Ман Аз Суханони Миҳрангез – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман Аз Суханони Миҳрангез – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман аз суханони миҳрангез, Дил пур дорам, зи хоб бархез! Ай он ки рухи ту ҳамчу оташ, Як лаҳза зи оташам мапарҳез! Ширам зи ту ҷӯш карду хун шуд, Ай шир, ба хуни ман даромез! Бо ёраки худ бисоз пинҳон, Мастез, ба ҷони ту, ки мастез! Таслими қазо шудам, азеро Монанди қазо ту тундиву тез. Бингар, ки чи хуни дил гирифтаст Бар гирди қабо-м чун фаровез. Дар хашм макун ту чашми худро В-он фитнаи хуфтаро маянгез! Худ хуфта намояду нахуфтаст Он наргиси пурхумори хунрез. »

Касе К-Аз Ғамзае Сад Ақл Бандад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Касе К-Аз Ғамзае Сад Ақл Бандад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Касе, к-аз ғамзае сад ақл бандад, Гар ӯ бар мо нахандад, пас кӣ хандад?! Агар тасхур кунад бар чарху хуршед, Бувад инсофу инсоф он писандад! Дило, меҷӯш ҳамчун мавҷи дарё, Ки гар дарё биёромад, бигандад! Чу хуршедиву аз худ пок гаштӣ, Зи ту чанги аҷал ҷуз ғам нарандад! Шакарширинии гуфтан раҳо кун, Валекин кони қанде чун нақандад?! »

Зуҳраи Ишқ Ҳар Саҳар Бар Дари Мо Чи Мекунад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зуҳраи Ишқ Ҳар Саҳар Бар Дари Мо Чи Мекунад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зуҳраи ишқ ҳар саҳар бар дари мо чи мекунад! Душмани ҷони сад қамар бар дари мо чи мекунад?! Ҳар ки бидид аз ӯ назар, бохабар асту бехабар, Ӯ малак аст ё башар, бар дари мо чи мекунад?! Зери чаҳон забар шуда, об маро зи сар шуда, Санг аз ӯ гуҳар шуда, бар дари мо чи мекунад?! Ай бути шан, пардайӣ, гар ту на фитна кардайӣ, Ҳар нафасе чунин ҳашар бар дари мо чи мекунад?! Гарна ки рӯзи равшанӣ, пеша гирифта раҳзанӣ, Рӯз ба рӯз раҳгузар бар дари мо чи мекунад?! Варна ки дӯш маст ӯ омаду дар шикаст ӯ, Пас ба нишона ин камар бар дари мо чи мекунад?! Гар на ҷамоли ҳусни ӯ гард барорад аз адам, Ин ҳам... »

Ё Раб Тавба Чаро Шикастам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ё Раб Тавба Чаро Шикастам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ё Раб, тавба чаро шикастам! В-аз луқма даҳон чаро набастам?! Гар васваса кард гирдпечам, Дар печиши ӯ чаро нишастам?! Охир дидам ба ақл мавзиъ, Сад бору ҳазор бор растам! Аз бандагии Худо малӯлам, Зеро ки ба ҷон гулӯпарастам! Чун бар дили ман нишаста дуде, Чун зуд чу гард барнаҷастам?! Инҳо, ки набиштам аз надомат, Он вақт набишта буд дастам! »

Дарахту Барг Барояд Зи Хок Ин Гӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дарахту Барг Барояд Зи Хок Ин Гӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дарахту барг барояд зи хок, ин гӯяд, Ки, хоҷа, ҳар чи бикорӣ, туро ҳамон рӯяд! Туро агар нафасе монд, ҷуз ки ишқ макор, Ки чист ҳиммати мардум?! Ҳар он-ч меҷӯяд! Бишӯ ду даст зи хешу биё, ба хон бинишин, Ки об баҳри вай омад, ки дасту рӯ шӯяд! Зиҳӣ салим, ки маъшуқи ӯ ба хонаи ӯст, Ба сӯйи хона наёяд, газоф мепӯяд! Ба сӯйи Марям ояд давона, гар Исост, В-агар хар аст, биҳил, то камизи хар бӯяд! Касе, ки ҳамраҳи соқист, чун бувад ҳушёр?! Чаро набошад ламтур, чаро наяфзуяд?! Касе, ки кони асал шуд, туруш чаро бошад?! Касе, ки мурда надорад, бигӯ, чаро мӯяд?! Туро бигӯям пинҳон, ки гул чаро хандад... »

Гар Ту Танг Ойӣ Зи Мо Зӯтар  Бурун Рав Ай Ҳариф – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гар Ту Танг Ойӣ Зи Мо Зӯтар Бурун Рав Ай Ҳариф – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гар ту танг ойӣ зи мо, зӯтар бурун рав, ай ҳариф, К-аз турушрӯйӣ ҳамеранҷад дилороми зариф. Гар ҳаме инкори худ пинҳон кунӣ, бар рӯйи ту Менамояд душманиҳо бар рухи ту лиф, лиф! Рӯзгардак бар рухи домод мебошад нишон Аз ҷамоли ӯ, ки номаш кард румӣ ниф, ниф! Чун худованд Шамси дин чавгон занад, ёраш куҷост?! В-ар бар асби фазл биншинад, куҷо дорад радиф?! Хону базми ҳар ду олам назди базми Шамси дин Чун яке косай пурошу бар сари ӯ як рағиф. В-он рағифу ошу коса садқаи Табрез дон Аз камолу ҳурмати шаҳри Шаҳаншоҳи Шариф! »

Бори Дигар Аз Роҳ Суйи Чоҳ Расидем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бори Дигар Аз Роҳ Суйи Чоҳ Расидем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем В-аз ғурбати аҷсом ба Аллоҳ расидем! Бо асп бад-он шоҳ касе чун нарасидаст, Мо асп бидодему бад-он шоҳ расидем! Чун абр басе ашк дар ин хок фишондем В-аз абр гузаштему бад-он моҳ расидем! Ай таблзанон, навбати мо гашт, бикӯбе! В-ай турк, бурун о, ки ба хиргоҳ расидем! Якчанд чу Юсуф ба буни чоҳ нишастем, З-он сар расан омад, ба сари чоҳ расидем! Мо чанд санам пеши Муҳаммад бишикастем, То дар санами дилбари дилхоҳ расидем! Наздиктар оед, ки аз дур расидем В-аҳвол бипурсед, ки аз роҳ расидем! »

Биёр Мутриб Бар Мо Карим Бош Карим – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биёр Мутриб Бар Мо Карим Бош Карим – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биёр, мутриб, бар мо карим бош, карим, Ба кӯйи хастадилонӣ, раҳим бош, раҳим! Дилам чу оташ чун дар даме шавад зинда?! Чу дил мабош мусофир, муқим бош, муқим! Биёмад оташу бар роҳи ошиқон бинишаст, Ки ай мусофири ин раҳ, ятим бош, ятим! Нидо расид ба оташ, ки бар ҳама ушшоқ Чу шуълаҳои халилӣ наъим бош, наъим! Гилем аз об чу хоҳӣ, ки то бурун орӣ, Ба зери пойи азизон гилем бош, гилем! Чу боядат, ки туро баҳр доявор бувад, Мисоли дона дар ӯ рав, ятим бош, ятим! Дурусту рост шуд, ай дил, ки дар ҳаво дилро Дуруст рост наёяд, дуним бош, дуним! Алиф мабош зи абҷад, ки саркашӣ дорад, Мабош беи дусар... »

Бе Ту Ба Сар Менашавад Бо Дигаре Менашавад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бе Ту Ба Сар Менашавад Бо Дигаре Менашавад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бе ту ба сар менашавад, бо дигаре менашавад, Ҳар чи кунам, ишқ баён бе ҷигаре менашавад! Ашк давон ҳар саҳаре аз дилам орад хабаре, Ҳеч касеро зи дилам худ хабаре менашавад! Як сари мӯ аз ғами ту нест, ки андар тани ман Оби ҳаёте надиҳад, ё гуҳаре менашавад! Ай ғами ту роҳати ҷон, чистат ин ҷумла фиғон?! То назанам бонгу фиғон, худ ҳашаре менашавад! Майли ту сӯйи ҳашар аст, пешаи ту шӯру шар аст, Бе раҳу ройи ту, шаҳо, раҳгузаре менашавад! Чист ҳашар? Аз худи худ рафтани ҷонҳо ба сафар! Мурғ чу дар байзаи худ болу паре менашавад! Бист чу хуршед агар тобад андар шаби ман, То ту қадам дарнаниҳӣ,... »

Ба Кӯйи Ишқи Ту Ман Н-Омадам Ки Боз Равам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба Кӯйи Ишқи Ту Ман Н-Омадам Ки Боз Равам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба кӯйи ишқи ту ман н-омадам, ки боз равам, Чи гуна қибла гузорам, чу дар намоз равам?! Ба ҷуз, ки кӯр нахоҳад, ки ман ба ҳеч сабаб Ба сӯйи зулмат аз он шамъи садтароз равам! Кадом ақл раво бинад ин, ки ман ташна Ба ғайри ҳазрати он баҳри бениёз равам?! Буроқи ишқ гузидам, ки то ба даври абад Ба сӯйи турраи ҳинду ба турктоз равам! Шаби чу бозу бати рӯзро бисӯзад пар, Чу дар саҳар ба муноҷоти ӯ ба роз равам! Чу чашмбанди қазо роҳи чашм баста кунад, Ба бӯйи анбарияш чашмҳо фароз равам! Ба хоки пойи Худованд – Шамси Табрезӣ, Ки чун шудам зи вай аз даст, сарфароз равам! »

Ай Худо Аз Ошиқон Хушнуд Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Худо Аз Ошиқон Хушнуд Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Худо аз ошиқон хушнуд бод, Ошиқонро оқибат маҳмуд бод! Ошиқонро аз ҷамолат ид бод, Ҷонашон дар оташат чун уд бод! Даст кардӣ, дилбаро, дар хуни мо, Ҷони мо з-ин даст хунолуд бод! Ҳар ки гӯяд, ки халосаш диҳ зи ишқ, Он дуъо аз осмон мардуд бод! Маҳ кам ояд муддате дар роҳи ишқ, Он камии ишқ ҷумла суд бод! Дигарон аз марг муҳлат хостанд, Ошиқон гӯянд: “Не-не, зуд бод!” Осмон аз дуд ошиқ сохтаст, Офарин бар соҳиби ин дуд бод! »

Агар Ишқат Ба Ҷойи Ҷон Надорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Агар Ишқат Ба Ҷойи Ҷон Надорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам, Ба зулфи кофарат имон надорам! Чу гуфтӣ нанг медорӣ зи ишқам, Ғами ишқи туро пинҳон надорам! Ту мегуфтӣ: “Макун дар ман нигоҳе, Ки ман хунҳо кунам, товон надорам!” Мани саргашта чун фармон набурдам, Аз он бар неку бад фармон надорам! Чу ҳар кас лутф меёбанд аз ту, Мани бечора, охир, ҷон надорам! »

Ай Бикарда Рахти Ушшоқон Гарав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Бикарда Рахти Ушшоқон Гарав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай бикарда рахти ушшоқон гарав, Хун марез ин ошиқонрову марав! Бар сари раҳ ту зи хун осор бин, Ҳар тараф ту наъраи хунин шунав! Гуфтам ин дилро, ки «чавгонаш бибин, Гар яке гӯйӣ, дар он чавгон бидав!” Гуфт дил, к-«андар хами чавгони ӯ Куҳна гаштам сад ҳазорон бору нав!” Кай ниҳон гардад зи чавгон гӯйи дил, К-андар он саҳро на чоҳ асту на гав!». Гурбаи ҷон – атсаи шери азал, Шер ларзад, чун кунад он гурба мав! Зарри кони Шамси Табрезист ин, Соф бошад, гар биҷӯйӣ ҷав ба ҷав! »

Шодие К-Он Аз Ҷаҳон Андар Дилат Ояд Махар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шодие К-Он Аз Ҷаҳон Андар Дилат Ояд Махар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шодие, к-он аз ҷаҳон андар дилат ояд, махар, Шодие, к-он аз дилат ояд, зиҳӣ, кони шакар! Бозхар ҷони маро з-ин ҳар ду фаррош, ай Худо, Паҳлуйи асҳоби Каҳфам хуш бихусбон бехабар! Сояи шодист ғам, ғам дар пайи шодӣ давад, Тарки шодӣ кун, ки ин ду нагсилад аз ҳамдигар! Дар пайи рӯз аст шаб в-андар пайи шодист ғам, Чун бидидӣ рӯз, дон, к-аз шаб натон кардан ҳазар! Ту пайи ғам медавӣ, шодӣ пайи ту медавад, Чун пайи шодӣ равӣ ту, ғам бувад бар раҳгузар! Ёд мекун он наҳангеро, ки моро даркашид, То намонад фаҳму ваҳму хубу зишту хушку тар! Ҳамчу шамъи нахлбандон, к-оташаш дар худ кашад, Коғази пурнақ... »

Чу Раъду Барқ Механдад Санову Ҳамд Мехонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу Раъду Барқ Механдад Санову Ҳамд Мехонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу раъду барқ механдад, санову ҳамд мехонам, Чу чархи соф пурнурам, ба гирди моҳ гардонам! Забонам уқдае дорад чу Мӯсо, ман зи фиръавнон, Зи рашки он ки фиръавне хабар ёбад зи бурҳонам! Фурӯ бандед дастамро, чу дарёбед ҳастамро Ба лашкаргоҳи фиръавне, ки ман ҷосуси султонам! На ҷосусам, на номусам, ман аз асрори қуддусам, Раҳо кун, чунки сармастам, ки то лофе бипарронам! Зи бода бод мехезад, ки бода бод ангезад, Хусусан, инчунин бода, ки ман аз вай парешонам! Ҳама зуҳҳоди оламро агар бӯйе расад з-ин май, Чи вайронӣ падид ояд, чи гӯям ман, намедонам?! Чи ҷойи май, ки гар бӯйе аз он анфоси сарма... »

Чаро Мункир Шудӣ Ай Мири Кӯрон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чаро Мункир Шудӣ Ай Мири Кӯрон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чаро мункир шудӣ, ай мири кӯрон, Намегӯям, ки «Маҷнунро машӯрон!». Ту мегӯйӣ, ки бинмо ғайбиёнро, Сатиронро чи нисбат бо сутурон?! Дар ин дарё чи киштиву чи тахта, Дар ин бахшиш чи наздикон, чи дурон! Адам дарёст в-ин олам яке каф, Сулаймонест в-ин халқон чу мӯрон! Зи ҷӯши баҳр ояд каф ба ҳастӣ, Ду пора каф бувад Эрону Тӯрон! Дар он ҷӯшиш, бигӯ, кӯшиш чӣ бошад?! Чи мелофанд аз сабр ин сабурон?! Аз ин баҳранд зиштонгашта нағзон, Аз ин мавҷанд ширингашта шӯрон! Напардозӣ ба ман, ай Шамси Табрез, Ки дар ишқат ҳамесӯзанд ҳурон! »

Ҳар Киро Завқи Дин Падид Ояд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар Киро Завқи Дин Падид Ояд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар киро завқи дин падид ояд, Шаҳди дунё-ш кай лазиз ояд?! Ончунон ақлро чи хоҳӣ кард, Ки нагунсори як набиз ояд?! Ақл бифрӯшу ҷумла ҳайрат хар, Ки туро суд аз ин харид ояд! На аз он ҳолатест, ай оқил, Ки дар ӯ ақли кас бадид ояд! Нашавад боз инчунин қуфле, Гар ҳама ақлҳо калид ояд! Гар дароянд зарра-зарра ба бонг, Он ҳама бонг ношанид ояд! Чи шавад бешу кам аз ин дарё, Банда гар поку гар палид ояд?! Ҳар ки рӯ оварад бад-ин дарё, Гар Язид аст, Боязид ояд! »

Ҳалқаи Дил Задам Шабе Дар Ҳаваси Саломи Дил – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳалқаи Дил Задам Шабе Дар Ҳаваси Саломи Дил – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳалқаи дил задам шабе дар ҳаваси саломи дил, Бонг расид, кист он, гуфтам: “Ман – ғуломи дил!”. Шуълаи нури он қамар мезад аз шикофи дар Бар дилу чашми раҳгузар, аз бари некноми дил! Мавҷ зи рӯйи нури дил пур шуда буд кӯйи дил, Кӯзаи офтобу маҳ гашта камини ҷоми дил. Ақли кул ар сарӣ кунад, бо дил чокарӣ кунад, Гардани ақлу сад чу ӯ баста ба банди доми дил. Рафта ба чарх валвала, кавн гирифта машъала, Халқ гусаста силсила аз тарафи паёми дил! Нур гирифта аз бараш курсиву арши акбараш, Рӯҳ нишаста бар дараш менигарад ба боми дил! Нест қаландар аз башар, нак ба ту гуфт мухтасар:... »

Фахри Ҷумла Соқиёнӣ Соғарат Дар Кор Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Фахри Ҷумла Соқиёнӣ Соғарат Дар Кор Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Фахри ҷумла соқиёнӣ, соғарат дар кор бод, Чашми ту махмур боду ҷони мо хаммор бод! Ай зи нӯшонӯши базмат ҳушҳо беҳуш бод В-ай зи ҷӯшоҷӯши ишқат ақл бедастор бод! Чун занони Миср ҷонро дасту дил маҷрӯҳ бод, Юсуфи мисрӣ ҳамеша шӯриши бозор бод! Соқиё, аз дасти ту бас дастҳо аз даст шуд, Масти ту аз дасти ту пайваста бархурдор бод! Мағзи мо пурбод боду машки мо пуроб бод, Боди моро в-оби моро ишқ пазруфтор бод! Шоҳи хубон мири мову ишқ гирогири мо, Ҷони давлат ёри мову бахту давлат ёр бод! Саркашему сархушему якдигарро мекушем, Ин вуҷуди мо ҳамеша ҷозиби асрор бод! »

Сӯфиён Омаданд Аз Чапу Рост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сӯфиён Омаданд Аз Чапу Рост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сӯфиён омаданд аз чапу рост, Дар ба дар, кӯ ба кӯ, ки бода куҷост?! Дари сӯфӣ дил асту кӯяш ҷон, Бодаи сӯфиён зи хумми Худост! Сари хумро кушод соқиву гуфт: “Ассало, ҳар касе, ки ошиқи мост!” Инчунин бодаву чунин мастӣ Дар ҳама мазҳабе ҳалолу равост! Тавба бишкан, ки дар чунин маҷлис Аз хато тавба дар ҳазор хатост! Чун шикастӣ ту зоҳидонро низ, Ассало зан, ки рӯз рӯзи салост! Мардумат гар зи чашми хеш андохт, Мардуми чашми ошиқонат ҷост! Гар бирафт оби рӯй, кам хур ғам, Ҷойи ошиқ буруни обу ҳавост! Ошноён агар зи мо гаштанд, Ғарқаро ошно дар он дарёст! »

Самоъ Аз Баҳри Ҷони Беқарор Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Самоъ Аз Баҳри Ҷони Беқарор Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Самоъ аз баҳри ҷони беқарор аст, Сабук барҷаҳ, чи ҷойи интизор аст?! Машин ин ҷо ту бо андешаи хеш, Агар мардӣ, бирав он ҷо, ки ёр аст! Магӯ, бошад, ки ӯ моро нахоҳад, Ки марди ташнаро бо ин чӣ кор аст?! Ки парвона наяндешад зи оташ, Ки ҷони ишқро андеша ор аст! Чу марди ҷанг бонги табл бишнид, Дар он соъат ҳазорон дар ҳазор аст! Шунидӣ табл, баркаш зуд шамшер, Ки ҷони ту ғилофи Зулфиқор аст! Бизан шамшеру мулки ишқ бистон, Ки мулки ишқ мулки пойдор аст! Ҳусайни Карбалойӣ, об бигзор, Ки об имрӯз теғи обдор аст! »

Пинҳон Машав Ки Рӯйи Ту Бар Мо Муборак Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Пинҳон Машав Ки Рӯйи Ту Бар Мо Муборак Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Пинҳон машав, ки рӯйи ту бар мо муборак аст, Наззораи ту бар ҳама ҷонҳо муборак аст! Як лаҳза соя аз сари мо дуртар макун, Донистайӣ, ки сояи анқо муборак аст?! Ай навбаҳори ҳусн, биё, к – он ҳавои хуш Бар боғу роғу гулшану саҳро муборак аст! Ай сад ҳазор ҷони муқаддас фидои ӯ, К-ояд ба кӯйи ишқ, ки он ҷо муборак аст! Савдоием аз туву баттолу кӯбакӯ, Маро чунин батолату савдо муборак аст. Ай бастагони тан, ба тамошои ҷон равед, К-охир расул гуфт: “Тамошо муборак аст!” Ҳар баргу ҳар дарахт расулест аз адам, Яъне, ки киштҳои мусаффо муборак аст! Чун баргу чун дарахт бигуфтанд б... »

Он Мутриби Мо Хуш Асту Чангаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он Мутриби Мо Хуш Асту Чангаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он мутриби мо хуш асту чангаш, Девона шавад дил аз тарангаш! Чун чанг занад яке, ту бингар, К-аз лутф чӣ гуна гашт рангаш! Гар танг ойӣ зи зиндагонӣ, Барҷаҳ, ба канор гир тангаш! »

Нидо Расид Ба Ошиқ Зи Олами Розаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нидо Расид Ба Ошиқ Зи Олами Розаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нидо расид ба ошиқ зи олами розаш, Ки ишқ ҳаст Буроқи Худой, метозаш! Таборакаллаҳ, дар хокиён чӣ бод афтод, Чу оби лутф биҷӯшид з-оташи нозаш?! Гирифт шакли кабӯтар зи моҳ то моҳӣ, Зи ишқ он ки дарояд ба чангали бозаш! Гирифт чиҳраи ушшоқ рангу сиккаи зар, Зи ишқи заргари мову зи лаззати гозаш! Дар он ҳаво, ки ҳавову ҳавас аз ӯ хезад, Чи дид мурғи дил аз мо, зи чист парвозаш?! Гаҳе ки мурғи дили мо бимонд аз парвоз, Кӣ баст шаҳпар ӯро, кӣ бурд ангозаш? Магӯ, ки ғайрат ҳар лаҳза даст мехояд, Ки шарм дор зи ёру зи ишқи таннозаш! Зи ғайраташ гила кардам, ба ханда гуфт маро, Ки ҳар чи банд кунад ... »

Мо Шохи Гулем Не Гиёҳем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мо Шохи Гулем Не Гиёҳем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мо шохи гулем, не гиёҳем, Мо меваи тарру тоза хоҳем! Ушкуфаи боғи осмонем, Нуқлу майи маҷлиси Илоҳем! Мо ҷӯй наем, балки обем, Мо абр наем, балки моҳем! Лавҳу қаламем, не ҳуруфем, Теғу аламем, не сипоҳем! Ҳам хастаи ғамзаи чу тирем, Ҳам бастаи турраи сиёҳем! »

Маро Ошиқ Чунон Бояд Ки Ҳар Боре Ки Бархезад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маро Ошиқ Чунон Бояд Ки Ҳар Боре Ки Бархезад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маро ошиқ чунон бояд, ки ҳар боре, ки бархезад, Қиёматҳои пуроташ зи ҳар сӯе барангезад! Диле хоҳем чун дӯзах, ки дӯзахро фурӯ сӯзад, Дусад дарё бишӯронад, зи мавҷи баҳр нагрезад! Фалакҳоро чу мандиле ба дасти хеш дарпечад, Чароғи лоязолиро чу қандиле даровезад! Чу шере сӯйи ҷанг ояд, дили ӯ чун наҳанг ояд, Ба ҷуз худ ҳеч нагзорад ва бо худ низ бистезад! Чу ҳафсад пардаи дилро ба нури худ бидарронад, Зи аршаш ин нидо ояд биномезад, биномезад! Чу ӯ аз ҳафтумин дарё ба кӯҳи Қоф рӯ орад. Аз он дарё чи гавҳарҳо канори хок даррезад! »

Лутфе Намонд К-Он Санами Хушлиқо Накард – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Лутфе Намонд К-Он Санами Хушлиқо Накард – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард, Моро чӣ ҷурм, агар карамаш бо шумо накард?! Ташнеъ мезанӣ, ки ҷафо кард он нигор, Хубе кӣ дид дар ду ҷаҳон, к-ӯ ҷафо накард?! Ишқаш шакар бас аст, агар ӯ шакар надод, Ҳуснаш ҳама вафост, агар ӯ вафо накард! Бинмой хонае, ки аз ӯ нест пурчароғ, Бинмой суффае, ки рухаш пурсафо накард?! Ин чашму он чароғ ду нуранд ҳар яке, Чун он ба ҳам расид, касешон ҷудо накард! Чун рӯҳ дар назора фано гашт, ин бигуфт: “Наззораи ҷамоли Худо ҷуз Худо накард!”. Ҳар як аз ин мисол баён асту муғлата-ст, Ҳақ ҷуз зи рашки номи рухаш “ваззуҳо” накард. Х... »