Хуш меҳнатест ишқат, эй меҳнати дили ман, – Лоик Шерали

Хуш меҳнатест ишқат, эй меҳнати дили ман, Хуш санъатест ҳуснат, эй санъати дили ман Хуш қисматест дардат, эй қисмати дили ман. Боз омадӣ баногаҳ аз…

Read More..

САБЗАИ БАҲОР – Лоик Шерали

САБЗАИ БАҲОР Ихтиёри ту ба дасти мани дилбохта нест, Дили ту, дилбари ман, байти худам сохта нест, Алами бахти ту бо дасти ман афрохта нест,…

Read More..

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем. – Лоик Шерали

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем. Хазонҳо зери по афтода буданд. Ба зери осмони сарду бемеҳр Дарахтон урён истода буданд. Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем, Нишони…

Read More..

ДАР ВАРЗОБ – Лоик Шерали

ДАР ВАРЗОБ Ҳар ду нишастаем Дар рӯи тахтасанг Ҷорист рӯди маст Пуршӯру бедиранг. Ҳар ду нишастаем Беҷурму бегуноҳ, Дилҳои ташнаком, Лабҳои бӯсахоҳ. Ин дам насиби…

Read More..

АҚРАБАКҲОИ СОАТ – Лоик Шерали

АҚРАБАКҲОИ СОАТ Ақрабакҳои соати дастат Соате баъд рӯ ба рӯ оянд. Баъди саргаштагии кӯтоҳе Боз оянду роз бикшоянд. Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд, Аз ҳасад…

Read More..

Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ – Лоик Шерали

Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ Дар ҳавои хонаам печидаед Кардаед андар сарам бозорҳо, Дар дили девонаам печидаед. Эй хушо, пиндорҳои гармрӯ, Гармие дар ҷони ман афзудаед….

Read More..

Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист, – Лоик Шерали

Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист, Умеди суҳбати дигар камоли хушбахтист Насиби лаззати дидор агар муяссар нест,: Насиби ҷони ҷавонам заволи хушбахтист. Дилам ба ёди ту…

Read More..

Ошиқат будаму ишқам дар дил – Лоик Шерали

Ошиқат будаму ишқам дар дил Монд чун маъдани ноёфтае. Кокулони ту ба дастам н-омад, Монд чун мисраи нобофтае. Ошиқат будаму армону ҳавас Дар ниҳонгоҳи дилам…

Read More..

КӮЗАИ ОРМОН – Лоик Шерали

КӮЗАИ ОРМОН Пайроҳае, ки мову ту даврони баччагӣ, То шоҳраҳ наомада, аз ҳам ҷудо шудем, Имрӯз кӯр гаштаву қолини сабза аст. Аз ҳам ҷудо шудем…

Read More..

Боз баъди сафари дуру дароз – Лоик Шерали

Боз баъди сафари дуру дароз Шафақи рӯи туро мебинам. Боз дар чашми ту бо аҷзу ниёз, Шарҳи сад чуну чаро мебинам. Боз месӯзаму месӯзам боз…

Read More..

ҲУСН – Лоик Шерали

ҲУСН Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд, Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ. Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,…

Read More..

Ту барои дили ман тозаву тар, – Лоик Шерали

Ту барои дили ман тозаву тар, Ту барои дили ман зебо бош. То даме ошиқи яктои туам, Ту барои дили ман якто бош. Ту маро…

Read More..

НОМАҲОЯТ – Лоик Шерали

НОМАҲОЯТ То саҳар хобам наёмад, Шаб, чу хондам номаҳоят. Дар дилам ошӯби маҳшар, Бар сарам омад қиёмат. Гуфта будӣ “Баъди хондан Номаҳоямро бисӯзон” Гар бисӯзам…

Read More..

ДУХТАРИ ТОҶИК – Лоик Шерали

ДУХТАРИ ТОҶИК Кокулони маҳини тарбофаш Ба сари шонаҳош мерезад. Файзи ҳусну малоҳати азалӣ Гӯӣ аз сар ба пош мерезад. Тоқии симдӯзиаш монад Осмони ситораафшонро. Ханд-хандон…

Read More..

Баъди он шаб, – Лоик Шерали

Баъди он шаб, Он шаби дидори бахт Зиндагӣ озодарӯтар шуд маро, Дӯстрӯтар, содарӯтар шуд маро. Одамон дар чашми ман дигар шуданд, Гӯиё садчанд зеботар шуданд….

Read More..

Хуштарин рӯзи ҷавониам буд, – Лоик Шерали

Хуштарин рӯзи ҷавониам буд, Ки туро низ ҷавон дидам ман. Балки он рӯз зи ду рӯи хушат Хушии рӯи ҷаҳон дидам ман. Мегузаштӣ зи раҳи…

Read More..

Сапеда! – Лоик Шерали

Сапеда! Ин номи мустаори туст барои дили ман, Барои шеъри ман, зеро номи туро наметавонам бигӯям ошкоро; зеро муҳити мо – муҳити Душанбе – шаҳри…

Read More..

Ман туро дар чашм аз шаҳре ба шаҳре бурдаам, – Лоик Шерали

Ман туро дар чашм аз шаҳре ба шаҳре бурдаам, Аз диёре бар диёре дар дилам овардаам. Ман туро дар ҷони муштоқи ҳаваспарварди худ Ҳамчу шеъри…

Read More..

Дар мадори ҳама ин дору мадор! – Лоик Шерали

Дар мадори ҳама ин дору мадор! Дар ҳисори ҳама ин аҷзу ниёз Чун ба поён бирасад савдоят, Аз мани дилшуда ёд оварӣ боз. Боз ҳам…

Read More..

Аз хато, аз ғурур, аз таъхир, – Лоик Шерали

Аз хато, аз ғурур, аз таъхир, Аз ҷафо, аз ғиром, аз тақсир Аз дурӯғу фиреби домангир Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс, Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс….

Read More..

Эй умеди дили саргаштаи ман, – Лоик Шерали

Эй умеди дили саргаштаи ман, Ишқи ту шуълаи саркаш дорад. То ғамат ҷони маро месӯзад, Шеъри ман сафҳаи оташ дорад. Ман ҳама дарди туро мефаҳмам,…

Read More..

Туро рӯзе ман аз тақдир медуздам. – Лоик Шерали

Туро рӯзе ман аз тақдир медуздам. Туро рӯзе ман аз ту мерабоям. Ба мисли одамони болдори қиссаву афсонаҳо Туро дар рӯи боли хештан мегираму парвоз…

Read More..

ОШИҚ – Лоик Шерали

ОШИҚ Ҳазорон ҷон ба қурбон дора(д) ошиқ, Фидокорест, паймон дора(д) ошиқ, Фарози ҳафтгунбад кай писандад? Макон дар кӯи ҷонон дора(д) ошиқ. Ҳамеша ёди ҷонон аст…

Read More..

Зинда бошад модари гулпарварат, – Лоик Шерали

Зинда бошад модари гулпарварат, То ки бахти мову ту гул оварад. Бар сари мову ту гул резад мудом, Завқи гул дар сина ангезад мудом. То…

Read More..

Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман, – Лоик Шерали

Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман, Боз омадӣ барои ман, танҳо барои ман. Дар гесувони беғамат атри баҳорҳо Дар дидагони равшанат нури бақои ман. Боз…

Read More..

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман – Лоик Шерали

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман Рух намоӣ аз дари айвони хеш Ҳеҷ кайвоне зи айвонат баланд Кай бувад дар вусъату паҳновариш? Ҳар гаҳ аз…

Read More..

ТОРҲОИ НОНАВОХТА – Лоик Шерали

ТОРҲОИ НОНАВОХТА Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ, Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ. Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ. Ту мехоҳӣ, ки дар дастони ошиқ…

Read More..

НИКОҲИ МАРГ – Лоик Шерали

НИКОҲИ МАРГ Ба зери гунбади гардон, Ба рағми дунии гардун Зи бахт рӯй магардон, Зи ишқ тавба макун, Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат,…

Read More..

ДУМБУРА – Лоик Шерали

ДУМБУРА Реза-реза медавад асп, Аз ҳаво намреза мерезад ба рӯю чашмҳояш. Мешавад ҳар тори ёлаш шаддаи зебои марҷон. Рӯи зин биншаста як зебоҷавон, Ҷомаи домодӣ…

Read More..

Баҳорон буду як шомеву борон – Лоик Шерали

Баҳорон буду як шомеву борон Ҳамешорид ҳамчун обшорон. Висолат бӯстони пургуле буд, Канорат ҳамчу оғӯши баҳорон. Даме озод аз ғавғои ҳастӣ Чу гул андар канори…

Read More..

ХОҲАМАТ РӮЗИИ ПАРОКАНДА – Лоик Шерали

ХОҲАМАТ РӮЗИИ ПАРОКАНДА Хоҳамат бахт, бахти поянда, Қисмати бобарору рангине. Хоҳамат ризқи бас пароканда, Ки варо ҷӯиву ҷаҳон бинӣ. Хоҳамат бахтбони бономус, Ҳамчу худ ғамшарику…

Read More..

Рӯзгори ошиқии мо гузашт, – Лоик Шерали

Рӯзгори ошиқии мо гузашт, Умри ман чун мӯи ту кӯтоҳ шуд. Мо, ки андар кӯи дил раҳгум задем, Ишқи мо ҳам мисли дил гумроҳ шуд….

Read More..

Ман зиндагии хешро бо ту шинохтам, – Лоик Шерали

Ман зиндагии хешро бо ту шинохтам, Дар оташи нигоҳи ту дилро гудохтам. Бо ту агар набудаам ҳамбахт дар замин, Дунёи бахти хеш дар афсона сохтам….

Read More..

Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест, – Лоик Шерали

Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест, Дар нӯки шохҳо баргест вопасин. Нашкуфта меравад он ғунча аз ҷаҳон, Он барг мефитад рухзард бар замин. Дар боғи тирамаҳ…

Read More..

Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ, – Лоик Шерали

Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ, Хонуми зебои атласпираҳан Ёдам ояд сарфарозиҳои ту, Ёдам ояд саргарониҳои ман. Ошиқат будам, ки дар дил то ҳанӯз, Нағмаҳое дораму…

Read More..

Ширмаҳтоби ғуборолуда. – Лоик Шерали

Ширмаҳтоби ғуборолуда. Хирмани мӯи туву хирмани маҳ. Бингар он теғаи чун дасти дароз Чанг андохта бар домани маҳ. Рӯд аз хандаи маҳ хандонрӯст: Мавҷҳо хандазанон…

Read More..

Хонаат чунки дар лаби дарёст, – Лоик Шерали

Хонаат чунки дар лаби дарёст, Ҳар саҳар бинӣ рӯи дарёро. Хонӣ аз хатти печ-печи мавҷ Номаи орзуи дарёро. Ҳар саҳар рӯй шӯӣ дар дарё, Нӯки…

Read More..

Оҳ, эй зан, зани оташбунёд, – Лоик Шерали

Оҳ, эй зан, зани оташбунёд, Оҳ, эй зан, зани пуршӯру шарар Ту маро сӯхтӣ шаб дар оғӯш, Саҳарам рондӣ кафи хокистар. Бахтдуздии ману ту як…

Read More..

Ишқи ту чун насими субҳонӣ – Лоик Шерали

Ишқи ту чун насими субҳонӣ Дар дилам накҳати баҳор овард. Номи ту мисли хатти пешонӣ Хатти қисмат зи кирдугор овард. Ту зи кайҳони орзуҳоям Омадӣ…

Read More..

Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ – Лоик Шерали

Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ Об мезад ба оташи дили ман. Боз ҳам шавқу шӯри дарёӣ Буд баҳри навозиши дили ман. Баста буданд чашмҳои туро…

Read More..

Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, – Лоик Шерали

Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман. Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман, Аз дур ҳар нафас…

Read More..

Ту ногаҳ омадӣ дар олами ман – Лоик Шерали

Ту ногаҳ омадӣ дар олами ман Зи роҳи содагиҳои ҷавонӣ. Латифу шӯхшангу шӯхдида Саропо маҳзи дунёи ҷавонӣ. Рухат чун сафҳаи нанвиштаи ман, Вуҷудат бебало чун…

Read More..

Наврӯзи ман бе ту гузашт, – Лоик Шерали

Наврӯзи ман бе ту гузашт, Бе рӯи ту бадрӯ гузашт. Чун рангу бӯи ту надошт Орӣ зи рангу бӯ гузашт. Мехостам дидори ту, Чашмони оташбори…

Read More..

Дили ман чун гули даврони хеш аст, – Лоик Шерали

Дили ман чун гули даврони хеш аст, Ба даврони дигар ҳаргиз нарӯяд. Хазон дорад баҳори зиндагонӣ, Хазонро ҳеҷ кас чун гул набӯяд. Чи тадбире! Худо…

Read More..

Баҳор мешавад… – Лоик Шерали

Баҳор мешавад… Баҳори пурнигор мешавад. Замини хотироти ман Бунафшазор мешавад. Ба ёди нозҳои кӯдаконаат Дилам хумор мешавад. Чи рӯзҳо гузаштаанд, Ки ман туро надидаам. Чи…

Read More..

ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ – Лоик Шерали

ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ Ба Ҳ.Ҷ. Навбаҳор асту зи гулзор гуле ночида, Дами гарм асту ба дилҳост вафо нақд ҳанӯз. Сари субҳ асту нафасҳост ба…

Read More..

Рӯи саҳна тарона мехондӣ – Лоик Шерали

Рӯи саҳна тарона мехондӣ Аз ҷавонию орзуи ман. Гӯӣ бо як назора мехондӣ Қисматамро зи чашму рӯи ман. Дар навои басӯзу ғамгинат Дардҳои ҷавонии ман…

Read More..

Ман барои ту дилам месӯзад, – Лоик Шерали

Ман барои ту дилам месӯзад, Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ. Аз нахустин хатаре кебида , Роҳи бемонеа ҷӯён шудаӣ. Чун ту оташи пурсӯзи дарун…

Read More..

Дар зарҳали уфуқ хуршед ғарқ шуд, – Лоик Шерали

Дар зарҳали уфуқ хуршед ғарқ шуд, Дар теғаҳои кӯҳ нури амонат аст. Эй офтоби ман, маштоб бар ғуруб, Ман ошиқи туам, ошиқ ғанимат аст! Дар…

Read More..

Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, – Лоик Шерали

Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, Агар эҳсоси мо хушкад Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст, Ки бе ӯ баҳри…

Read More..

Эй тасаллои ҷони пазмонам, – Лоик Шерали

Эй тасаллои ҷони пазмонам, Бе ту бар ман ҳаёт беранг аст. Бо ҷаҳон ошноиям донӣ, Ошноии шишаву санг аст. Омадӣ. Рафтӣ. Инчунин шояд Боз меоӣ….

Read More..

ТУРО ДИД ДИЛАМ… – Лоик Шерали

ТУРО ДИД ДИЛАМ… Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад, Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад. На чу овора…

Read More..

Оҳ, агар боз туро медидам, – Лоик Шерали

Оҳ, агар боз туро медидам, Сар ба пою қадамат месудам. Аз ҳама печу хами ҷодаи умр Дар хами зулфи ту меосудам. Мешикастам ҳама армони дилам…

Read More..

Занг бандад даруни сина дилам, – Лоик Шерали

Занг бандад даруни сина дилам, Нашнавам занги хандаҳоятро. Рӯзгорам чи бесадо бошад, Нашнавам соате садоятро. Ба суолам ҷавоб агар надиҳӣ, Зиндагӣ беҷавоб метобад. Накунад гар…

Read More..

Боз аз дур туро дидаму рафт – Лоик Шерали

Боз аз дур туро дидаму рафт Дилам аз раҳгузари хотираҳо. Мӯи афшони ту ёдам омад, Бо ҳама замзамаи шаршараҳо. Оҳ, он шаршараҳо хуш буданд Поку…

Read More..

Ҳеҷ мебинӣ, ки аз тақвими умр – Лоик Шерали

Ҳеҷ мебинӣ, ки аз тақвими умр Рӯзҳои хушнафас бигзаштаанд. Лек дар лавҳи дили мо ёдгор Сураҳои ошиқӣ бинвиштаанд. Рӯзҳои некпай бигзаштаанд Рӯзҳои некёду некфол. Он…

Read More..

ТОҶИ АРӮСӢ – Лоик Шерали

ТОҶИ АРӮСӢ Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй, Пеши пою қадамат гул мерехт. Қул-қули шишаи май бар гӯшат Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт. Байни ҳавлӣ чу…

Read More..

Навбаҳор омад, гули ман, – Лоик Шерали

Навбаҳор омад, гули ман, Бе ту бо борон бинолам. Бе ту бе ашки намоён Дар бари ёрон бинолам. Навбаҳор омад, гули ман, Шишаи яхҳо шикастанд….

Read More..

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб, – Лоик Шерали

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб, Ки роҳи хонаи худро наёбам. Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро, Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам. Зи назди хонаат ғалтону…

Read More..

Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг – Лоик Шерали

Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг Чу духтар кокулашро шона мекард. Парастуе, ки ҷои лона меҷуст, Ту гӯӣ дар дили ман лона мекард. Дарахтон шохаҳои сабзи худро…

Read More..