3-Ин Хуш Рақам, Ки Бар Гули Рухсор Мекашӣ,

3-ин хуш рақам, ки бар гули рухсор мекашӣ,
Хат бар саҳифаи гулу гулзор мекашӣ.
Ашки ҳарамнишини ниҳонхонаи маро
3-он сӯи ҳафт парда ба бозор мекашӣ.
Коҳил равӣ, чу боди саборо ба бӯи зулф
Ҳар дам ба қайди силсила дар кор мекашӣ.
Ҳар дам ба ёди он лаби майгуну чашми маст
Аз хилватам ба хонаи хаммор мекашӣ.
Гуфтӣ: —Сари ту бастаи фитроки мо шавад,
Саҳл аст, агар ту заҳмати ин бор мекашӣ.
Бо чашму абруи ту чӣ тадбири дил кунам?
Ваҳ з-ин камон, ки бар мани бемор мекашӣ.
Боз о, ки чашми бад зи рухат дафъ мекунад,
Эй тоза гул, ки домон аз ин хор мекашӣ.
Ҳофиз, дигар чӣ металабӣ аз наими даҳр?
Май мехӯриву турраи дилдор мекашӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.