Ҷаҳон Бар Абруи Ид Аз Ҳилол Вусма Кашид,

Ҷаҳон бар абруи ид аз ҳилол вусма кашид,
Ҳилоли ид дар абрӯи ёр бояд дид.
Шикаста гашт чу пушти ҳилол қомати ман,
Камони абрӯи ёрам чу вусма боз кашид.
Магар насими хатат субҳ дар чаман бигузашт,
Ки гул ба бӯи ту бар тан чу субҳ ҷома дарид.
Набуд чангу рубобу набиду уд, ки буд
Гили вуҷуди ман оғуштаи гулобу набид.
Биё, ки бо ту бигӯям ғами малолати дил,
Чаро, ки бе ту надорам маҷоли гуфтушунид.
Баҳои васли ту гар ҷон бувад, харидорам,
Ки ҷинси хуб мубассир ба ҳар чӣ дид, харид.
Чу моҳи рӯи ту дар шоми зулф медидам,
Шабам ба рӯи ту равшан чу рӯз мегардид.
Ба лаб расид маро ҷону барнаёмад ком,
Ба сар расид умеду талаб ба сар нарасид.
Зи шавқи рӯи ту Ҳофиз навишт ҳарфе чанд,
Бихон зи назмашу дар гӯш кун чу марворид.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.