Ҳон Ай Ҷамоли Дилбар Ай Шод Вақти Ту – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳон, ай ҷамоли дилбар, ай шод вақти ту,
Мо бо ту бас хушем, ки хуш бод вақти ту!
Некӯст ҳоли мо, ки накӯ бод ҳоли ту,
Хуш бод даври чарх, к-аз ӯ зод вақти ту!
Ҷону сари ту, ёр, ки андар димоғи мост,
Он ратлҳои май, ки ба мо дод вақти ту!
Аз қуввати шароб ба фарёд ҷоми ту,
В-аз партави нишот ба фарёд вақти ту!
Дар ҷой манигунҷад аз фахр ҷойи ту,
Куҳ меканад зи ишқ чу Фарҳод вақти ту!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.