Ҳоли Хуниндилон Кӣ Гӯяд Боз,

Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз,
В-аз фалак хуни Ҷам кӣ ҷӯяд боз?
Шармаш аз чашми майпарастон бод,
Наргиси маст агар бирӯяд боз.
Ҷуз фалотуни хумнишини шароб,
Сирри ҳикмат ба мо кӣ гӯяд боз?
Ҳар кӣ чун лола косагардон шуд,
3-ин ҷафо рух ба хун бишӯяд боз.
Накушояд дилам чу ғунча агар,
Соғаре аз лабаш набӯяд боз.
Баски дар парда чанг гуфт сухан.
Бибураш мӯй, то намӯяд боз.
Гирди байтулҳароми хум Ҳофиз,
Гар намирад, ба сар бипӯяд боз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.