Ҳафтае Меравад Аз Умру Ба Даҳ Рӯз Кашид,

Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид,
К-аз гулистони ҷафо бӯи вафое нарасид.
Он ки барганггу ҷафо карду ба ҳеҷам бифрӯхт,
Ба ҳама оламаш аз ман натавонанд харид.
Ҳар чи з-он талхтар андар ҳақи ман хоҳад гуфт,
Гӯ: «Бигӯ з-он лаби ширин, ки латиф асту лазид!»
Агар аз хор битарсам набарам домани гул,
Ком дар коми наҳанг асту бибояд талабид!
Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам,
Ки маҳол аст, ки дар худ нигарад ҳар ки ту дид.
Офарин кардану дашном шунидан саҳл аст,
Чӣ аз ин беҳ, ки маро бо ту бувад гуфтушунид?
Ҷаҳди бисёр бикардам, ки нагӯям гами дил,
Оқибат ҷон ба даҳон омаду тоқат бирасид.
Охир, эй мутриб, аз ин пардаи ушшоқ бигард,
Чанд гӯӣ, ки маро парда ба чанги ту дарид?
Ташнагони лабат, эй чашмаи ҳайвон мурданд,
Чанд чун моҳии бар хушк тавонанд тапид?
Сухани Саъдӣ бишнав, ки ту худ зебоӣ,
Хоса он вақт, ки дар гӯш кунй марворид!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.