Ҳар Шаб Андешаи Дигар Кунаму Рои Дигар,

Ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар,
Ки ман аз дасти ту фардо биравам чои дигар,
Бомдодон, ки бурун мениҳам аз манзил пой,
Хусни ахдам нагузорад, ки ниҳам пои дигар.
Ҳар касеро сари чизею таманнои касест,
Мо ба ғайр аз ту надорем таманнои дигар!
3-он ки ҳаргиз ба ҷамоли ту дар оинаи ваҳм,
Мутасаввар нашавад сурату болои дигар.
Вомиқе буд, ки девонаи Узрое буд,
Манам имрӯзу туӣ Вомиқу Узрои дигар.
Вақти он аст, ки саҳро гулу сунбул гирад,
Халқ берун шуда: ҳар қавм ба саҳрои дигар;
Бомдодон ба тамошои чаман берун ой,
То фароғ аз ту намонад ба тамошои дигар!
Ҳар сабоҳе гаме аз даври замон пеш ояд,
Гӯям: «Ин низ ниҳам бар сари ғамҳои дигар!»
Боз гӯям: «На, ки даврони ҳаёт ин ҳама нест,
Саъдӣ, имрӯз таҳаммул куну фардои дигар!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.