Ҳар Он Ки Ҷониби Аҳли Вафо Нигаҳ Дорад,

Ҳар он ки ҷониби аҳли вафо нигаҳ дорад,
Худош дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад.
Ҳадиси дӯст нагӯям, магар ба ҳазрати дӯст,
Ки ошно сухани ошно нигаҳ дорад.
Дило маош чунон кун, ки гар билағзад пой,
Фариштаат ба ду дасти дуо нигаҳ дорад.
Гарат ҳавост, ки маъшуқ нагсалад паймон
Нигоҳ дор сари ришта то нигаҳ дорад.
Сабо, бар он сари зулф ар дили маро бинӣ,
Зи рӯи лутф бигӯяш, ки ҷо нигаҳ дорад.
Чу гуфтамаш, ки диламро нигоҳ дор чӣ гуфт?
Зи дасти банда чӣ хезад Худо нигаҳ дорад.
Сару зару дилу ҷонам фидои он ёре,
Ки ҳаққи сӯҳбати меҳру вафо нигаҳ дорад.
Ғубори роҳгузорат куҷост, то Ҳофиз,
Ба ёдгори насими сабо нигаҳ дорад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.