Ҳар Нуктае, Ки Гуфтам Дар Васфи Он Шамоил,

Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил,
Ҳар к-ӯ шунид гуфто: «Лиллоҳи дурри қоил».
Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам, дар касби ин фазоил.
Ҳаллоҷ бар сари дор ин нуқта хуш сарояд:
«Аз шофеӣ мапурсед амсоли ин масоил».
Гуфтам, ки кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?
Гуфт: он замон, ки набвад ҷон дар миёна ҳоил.
Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре,
Мурзият-ус-саҷоё, маҳмудат-ул-хасоил.
Дар айни гӯшагирӣ, будам чу чашми мастат,
В-акнун шудам чу мастон бар абруи ту моил.
Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам,
В-аз лавҳи сина ҳаргиз нақшат нагашт зоил.
Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи захми чашмаст,
Ё раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.