Ҳар Кӣ Шуд Маҳрами Дил, Дар Харами Ёр Бимонд,

Ҳар кӣ шуд маҳрами дил, дар харами ёр бимонд,
В-он кӣ ин кор надонист, дар инкор бимонд.
Агар аз парда бурун шуд дили ман, айб макун,
Шукри эзид, ки на дар пардаи пиндор бимонд.
Сӯфиён воситаданд аз гарави май ҳама рахт,
Далқи мо буд, ки дар хонаи ҳаммор бимонд.
Мӯҳтасиб шайх шуду фисКи худ аз ёд бибурд,
қиссаи мост, ки дар ҳар сари бозор бимонд.
Ҳар маи лаъл к-аз он дасти булӯрин ситадем,
Оби ҳасрат шуду дар чашми гуҳарбор бимонд.
Ҷуз дили ман, к-аз азал то ба абад ошиқи ӯст,
Ҷовидон кас, нашунидам, ки дар ин кор бимонд.
Гашт бемор, ки чун чашми ту гардад наргис,
Шеваи ту нашудаш ҳосилу бемор бимонд.
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Доштам далқеву сад айби маро мепӯшид,
Хирқа раҳни маю мутриб шуду зуннор бимонд.
Бар ҷамоли ту чунон сурати Чин ҳайрон шуд,
Ки ҳадисаш ҳама ҷо бар дару девор бимонд.
Ба тамошогаҳи зулфаш дили Ҳофиз рӯзе
Шуд, ки бозояду ҷовид гирифтор бимонд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.