Ҳар Ки Дар Ӯ Нест Аз Ин Ишқ Ранг – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар ки дар ӯ нест аз ин ишқ ранг,
Назди Худо нест ба ҷуз чӯбу санг!
Ишқ баровард зи ҳар санг об,
Ишқ тарошид зи ойина занг!
Куфр ба ҷон омаду имон ба сулҳ,
Ишқ бизад оташ дар сулҳу ҷанг!
Ишқ кушояд даҳан аз баҳри дил,
Ҳар ду ҷаҳонро бихурад чун наҳанг!
Ишқ чу шер аст, на макру на рев,
Нест гаҳе рӯбаҳу гоҳе паланг!
Чунки мадад бар мадад ояд зи ишқ,
Ҷон бираҳад аз тани торику танг!
Ишқ зи оғоз ҳама ҳайрат аст,
Ақл дар ӯ хираву ҷон гашта данг!
Дар Табрез аст дилам, ай сабо,
Хидмати моро бирасон бедаранг!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.