Ҳар Ки Аз Ҳалқаи Мо Ҷойи Дигар Бигрезад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар ки аз ҳалқаи мо ҷойи дигар бигрезад,
Ҳамчунон бошад, к-аз самъу басар бигрезад!
З-он хурад хуни ҷигар ошиқ, зеро шер аст,
Шердил кай бувад он, к-ӯ зи ҷигар бигрезад?!
Дил чу тӯтӣ буваду ҷаври дилором шакар,
Тӯтие дид касе, к-ӯ зи шакар бигрезад?!
Пашша бошад, ки ба ҳар боди мухолиф биравад,
Дузди шаб бошад, к-аз нури қамар бигрезад!
Ҳар сареро, ки Худо хираву колева кунад,
Садри ҷаннат биҳилад, сӯйи сақар бигрезад!
В-он ки воқиф бувад аз марг, суви марг гурехт,
Сӯйи мулки абаду тоҷу камар бигрезад!
Чун қазо гуфт: “Фалонӣ ба сафар хоҳад мурд”,
Он кас аз бими аҷал сӯйи сафар бигрезад!
Бас куну сайд макун он, ки наярзад ба шикор,
Ки хаёли шабу шаб ҳам зи саҳар бигрезад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.