Ҳар Киро Хоки Сари Кӯи Ту Маскан Бошад,

Ҳар киро хоки сари кӯи ту маскан бошад,
Пеши ӯ гулшани фирдавс чу гулхан бошад.
Гар ҷаҳон равшанӣ аз партави хуршед гирифт,
Чашми ушшоқ ба дидори ту равшан бошад.
Ёр чун лутфу муроот кунад ёронро,
Дӯстонро чӣ ғам аз таънаи душман бошад?
Чун кунад ғамзаи қаттоли хушат даст ба теғ,
Зери пои ту ҳазорон сари бетан бошад.
Бигзар аз ҳар чӣ ту дорӣ, ки ҳиҷобест азим,
Дар раҳи ӯ ҳама гар як сари сӯзан бошад.
Ҳоҷати хеш кунад арз дили ҳоҷатманд
Бо даҳони ту, агар ҳоҷати гуфтан бошад.
Мо чу зулфи ту напечем сар аз теғу синон,
Ғамзаи шӯхи туро гар сари куштан бошад.
Сӯхт гар хушку тари Ҳофизи Шероз, чӣ бок?
Ошиқи сӯхтадил сӯхтахирман бошад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.