Ҳама Хавф Одамиро Аз Дарун Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳама хавф одамиро аз дарун аст,
Валекин ҳуши ӯ дойим бурун аст.
Бурунро менавозад ҳамчу Юсуф,
Дарун гургест, к-ӯ дар қасди хун аст!
Бидаррад заҳраи ӯ, гар бибинад
Дарунро, к-ӯ ба зиштӣ шакли чун аст!
Бидон, зиштӣ ба як ҳамла бимирад,
Валекин одамӣ ӯро забун аст!
Алиф гаштаст, нун мебоядаш сохт,
Ки то гардад алиф чизе, ки нун аст!
Агарна худ иноёти Худованд
Бидидастӣ, чи имкони сукун аст!
На олам буд, на одам буд, на рӯҳе,
Ки софиву латифу обгун аст!
Ки ӯро буд ҳукму подшоҳӣ,
Напиндорӣ, ки ин кор аз кунун аст!
Намегӯям, ки дар тақдири шаҳ буд,
Ҳақиқат буду сад чандин фузун аст!
Худовандии Шамсуддини Табрез
Варои ҳафт чархи нилгун аст!
Ба зери рони ӯ тақдир ром аст,
Агарчи нек тунд асту ҳарун ас!
Чу ақли кулл бӯйе бурд аз вай,
Шабу рӯз аз ҳавас андар ҷунун аст!
Ки пеши ҳиммати ӯ ақл дидаст,
Ки ҳимматҳои олӣ ҷумла дун аст?!
Кадомин сӯй ҷӯям хидматашро,
Ки манзилгоҳи ӯ болои сун аст!
Ҳар он мушкил, ки шерон ҳал накарданд,
Бари ӯ ҷумла бозиву фасун аст!
Нагуфтам ҳеч рамзе, то бидонӣ:
Зи айни ҳоли ӯ инҳо шаҷун аст!
Аё Табрез, хоки туст куҳлам,
Ки дар хокат аҷойибҳо фунун аст!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.