Ҳаваси Боди Баҳорам Ба Раҳи Саҳро Бурд,

Ҳаваси боди баҳорам ба раҳи саҳро бурд,
Бод бӯи ту биёварду қарор аз мо бурд.
Ҳар куҷо буд диле, чашми ту бурд аз роҳаш,
На дили хаставу бемори маро танҳо бурд.
Дили сангини туро ашки ман овард ба роҳ,
Сангро сел тавонад ба лаби дарё бурд.
Дӯш дасти тарабам силсилаи шавқ бибаст,
Пои хели хирадам лашкари ғам аз ҷо бурд.
Роҳи мо ғамзаи он турки камонабрӯ зад,
Рахти мо сунбули он сарви сиҳиболо бурд.
Ҷоми май дӣ зи лабат дам зи равонбахшӣ зад,
Оби май з-он лаби ҷонбахши равонафзо бурд.
Баҳс, булбул, бари Ҳофиз макун аз хушнафасӣ,
Пеши тӯтӣ натавон номи ҳазорово бурд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.