Қатли Ин Хаста Ба Шамшери Ту Тақдир Набуд,

Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд,
Варна ҳеҷ аз дили бераҳми ту тақсир набуд.
Мани девона чу зулфи ту раҳо мекардам,
Ҳеҷ лоиқтарам аз ҳалқаи занҷир набуд.
Ё раб, оинаи ҳусни ту чӣ ҷавҳар дорад,
Ки дар ӯ оҳи маро қуввати таъсир набуд?
Сар зи ҳасрат ба дари майкадаҳо барқардам,
Чун шиносои ту дар савмаа як пир набуд.
Нозанинтар зи қадат дар чамани ноз наруст,
Хуштар аз нақши ту дар олами тасвир набуд.
То магар ҳамчу сабо боз ба кӯи ту расам,
Ҳосилам дӯш ба ҷуз нолаи шабгир набуд.
Он кашидам зи ту, эй оташи ҳиҷрон, ки чу шамъ
Ҷуз фанои худам аз дасти ту тадбир набуд.
Ояте буд азоб андӯҳи Ҳофиз бе ту,
Ки бари ҳеҷ касаш ҳоҷати тафсир набуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.