Ғуломи Он Сабукрӯхам, Ки Бо Ман Сар Гарон Дорад,

Ғуломи он сабукрӯхам, ки бо ман сар гарон дорад,
Ҷавобаш талх пиндорй, шакар зери забон дорад.
Маро гар дӯстӣ бо ӯ ба дӯзах мебарад, шояд,
Ба накд андар бихишт аст, он ки ёри мехрубон дорад.
Касеро, к-ихтиёре хасту махбубею машрубе,
Мурод аз бахту ҳаз аз умру мақсуд аз чахон дорад.
Бурун аз хӯрдану хуфтан хаёте хаст мардумро,
Ба чонон зиндагонӣ кун, бахоим низ чон дорад!
Муҳаббат бо касе дорам, к-аз ӯ бо худ намеоям,
Чу булбул, к-аз нишоти гул фарог аз ошён дорад.
На мардӣ, гар ба шамшер аз чафои дӯсг баргардӣ,
Духулро, к-андарун бод аст, з-ангупгге фигон дорад.
Ба ташвиши киёмат-дар. ки ёр аз ёр бигрезад,
Муҳиб аз хок бархезад, мухаббат хамчунон дорад.
Хуш омад боди наврӯзӣ ба субх аз боги пирӯзӣ,
Ба бӯи бӯсгон монад, на бӯи бӯстон дорад!
Яке сар бар какори ёру хоби субх мустаълй.
Чӣ ғам дорад зи мискине, ки сар бар остон дорад.
Чу Саъдӣ ишқ танхо бозу роҳат бину осоиш!
Ба танҳо мулк меронад, ки манзуре нихон дорад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.