Ғуломи Наргиси Масти Ту Тоҷдоронанд,

Ғуломи наргиси масти ту тоҷдоронанд,
Хароби бодаи лаъли ту ҳушёрронанд.
Туро сабову маро оби дида шуд ғаммоз
Вагарна ошиқу маъшуқ роздоронанд.
Зи зери зулфи дуто чун гузар кунӣ, бинигар,
Ки аз ямину ясорат чӣ беқароронанд.
Гузор кун, чу сабо, бар бунафшазору бибин,
Ки аз татовули зулфат чӣ сӯгворонанд.
Насиби мост биҳишт, эй Худошинос, бирав,
Ки мустаҳиққи каромат гунаҳгоронанд.
На ман бар он гули ораз ғазал сарояму бас,
Ки андалеби ту аз ҳар тараф ҳазоронанд.
Ту дастгир шав, эй Хизри пайхуҷаста, ки ман
Пиёда мераваму ҳамроҳон саворонанд.
Биё ба майкадаву чеҳра арғавонӣ кун,
Марав ба савмаа, к-он ҷо сиёҳкоронанд.
Халос Ҳофиз аз он зулфи тобдор мабод,
Ки бастагони каманди ту растагоронанд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.