Ғами Замона, Ки Ҳеҷаш Карон Намебинам,

Ғами замона, ки ҳеҷаш карон намебинам,
Давош чуз ман чун арғавон намебинам.
Ба тарки хидмати пири муғон нахоҳам гуфт,
Чаро, ки маслиҳати худ дар он намебинам.
Зи офтоби кадаҳ иртифоъи айш бигир,
Чаро, ки толеъи вақт ончунон намебинам.
Нишони аҳли худо ошиқист, бо худ дор,
Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.
Бад-ин ду дидаи ҳайрони ман ҳазор афсӯс,
Ки бо ду оина рӯяш аён намебинам.
Қади ту то бишуд аз ҷӯйбори дидаи ман,
Ба ҷои сарв ҷуз оби равон намебинам.
Дар ин хумор касам ҷуръае намебахшад,
Бибин, ки аҳли диле дар ҷаҳон намебинам.
Нишони мӯи миёнаш, ки дил дар ӯ бастам,
Зи ман мапурс, ки худ дар миён намебинам.
Ману сафипаи Ҳофиз, ки ҷуз дар ин дарё
Бизоати сухани дурфишон намебинам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.