Ғазали 38 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 38

Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар ба ҷо нишаста,

Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста.

Сару барги ҷуръати дил ба адаб чаро насӯзад?

Ки сипанд ҳам ба базмат зи тапиш ҷудо нишаста.

Чӣ қисмат асг, с Раб, ба ҷаҳони бснисзӣ,

Ки зи ғайб то шаҳодат ҳама ҷо ғадо нишаста?

Чӣ ниҳои, чӣ ошкоро, набарӣ хасли ваҳдат,

Ки зи дида то дил ин ҷо ҳама мосиво нишаста. Марав, эй нигаҳ. ба гулшан, ки ба рӯйи ҳар гул ин ҷо Зи ҳуҷуми чашми шабнам арақи ҳас нишаста.

Чу адӯ занад дузону, нахӯрӣ фирсби аҷзаш,

Ки ба қасди ҷон туфанге ба сари ду по нишаста.

Ҳама имшабат муҳайс, ту дар интизори фардо, Нигаҳе, ки нақши ваҳмат зи амал куҷо нишаста?!

Ба раҳс, ки барқтозон ҳама нақши пойи ланганд,

Ба куҷо расида бошам, мани бсасо нишаста?

Ба ҳазор хун тапидам, ки ба обила расидам,

Чӣ қадар баланд чинад сари зсри по нишаста.

Ҳаваси кулоҳи шоҳӣ зи сарат барор, Бсдил,

Ба чӣ нозад устухонс, ки бар ӯ ҳумо нишаста?!

РУБОИИ 38

Гардун хони ҳузури ин кошона Ороста баҳри як дили дсвона.

Ёроп ҳама ишрати туфайлӣ доранд,

Мсҳмони чарог нсст ҷуз парвона.

 

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.