Ё Раб, Сабабе Соз, Ки Ёрам Ба Саломат

Ё раб, сабабе соз, ки ёрам ба саломат
Бозояду бирҳонадам аз чанги маломат.
Хоки раҳи он ёри сафаркарда биёред,
То чашми ҷаҳонбин кунамаш ҷои иқомат.
Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.
Имрӯз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ суд ашки надомат.
Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат.
Дарвеш, макун нола зи шамшери ахиббо,
К-ин тоифа аз кушта ситонанд ғаромат.
Дар хирқа зан оташ, ки хами абруи соқӣ,
Бармешиканад гӯшаи меҳроби имомат.
Ҳошо, ки ман аз ҷавру ҷафои ту бинолам,
Бедоди латифон ҳама лутф асту каромат.
Кӯтаҳ накунад баҳси сари зулфи ту Ҳофиз,
Пайваста шуд ин силсила то рӯзи Қиёмат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.