Ё Раб, Он Оҳуи Мушкин Ба Хутан Бозрасон,

Ё раб, он оҳуи мушкин ба Хутан бозрасон,
В-он сиҳисарви равонро ба чаман бозрасон!
Дили озурдаи моро ба насиме бинавоз,
Яъне он ҷони зи тан рафта ба тан бозрасон!
Моҳу хуршед ба манзил чу ба амри ту расанд,
Ёри маҳрӯи маро низ ба ман бозрасон!
Дидаҳо дар талаби лаъли ямонӣ хун шуд,
Ё раб он кавкаби рахшон ба Яман бозрасон!
Бирав, эй тоири маймуни ҳумоюнталъат,
Пеши Анқо сухан аз зоғу заған бозрасон!
Сухан ин аст, ки мо бе ту нахоҳем ҳаёт,
Бишнав, эй пайки хабаргиру сухан бозрасон.
Он, ки будӣ ватанаш дидаи Ҳофиз, ё раб,
Ба муродаш зи ғарибӣ ба ватан бозрасон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.