Ё Раб, Ин Навгули Хандон, Ки Супурдӣ Ба Манаш,

Ё раб, ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш,
Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.
Гарчи аз кӯи вафо гашт ба сад марҳала дур,
Дур бод офати даври фалак аз ҷону танаш!
Гар ба манзилгаҳи Салмо расӣ, эй боди сабо,
Чашмдорам, ки саломе бирасонӣ зи манаш.
Ба адаб нофакушоӣ кун аз он зулфи сиёҳ,
Ҷои дилҳои азиз аст, ба ҳам бармазанаш!
Гӯ, дилам ҳаққи вафо бо хату холат дорад,
Мӯҳтарам дор дар он турраи анбаршиканаш.
Дар мақоме, ки ба ёди лаби ӯ май нӯшанд,
Сифла он маст, ки бошад хабар аз хештанаш.
Ирзу мол аз дари майхона нашояд андӯхт,
Ҳар кӣ ин об хӯрад, рахт ба дарё фиганаш.
Ҳар кӣ тарсад зи малол, андӯҳи ишқаш на ҳалол,
Сари мову қадамаш ё лаби мову даҳанаш.
Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.