Ёр Маро Ғор Маро Ишқи Ҷигархор Маро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро,
Ёр туйӣ, ғор туйӣ, хоҷа, нигаҳ дор маро!
Нӯҳ туйӣ, рӯҳ туйӣ, фотиҳу мафтӯҳ туйӣ,
Синаи машрӯҳ туйӣ бар дари асрор маро!
Нур туйӣ, сур туйӣ, давлати Мансур туйӣ,
Мурғи Куҳи Тур туйӣ, хаста ба минқор маро!
Қатра туйӣ, баҳр туйӣ, лутф туйӣ, қаҳр туйӣ,
Қанд туйӣ, заҳр туйӣ, беш маёзор маро!
Ҳуҷраи Хуршед туйӣ, хонаи Ноҳид туйӣ,
Равзаи уммед туйӣ, роҳ диҳ, ай ёр, маро!
Рӯз туйӣ, рӯза туйӣ, ҳосили дарюза туйӣ,
Об туйӣ, кӯза туйӣ, об диҳ ин бор маро!
Дона туйӣ, дом туйӣ, бода туйӣ, ҷом туйӣ,
Пухта туйӣ, хом туйӣ, хом бимагзор маро!
Ин тан агар кам танаде, роҳи дилам кам занадӣ,
Роҳ шудӣ, то набудӣ ин ҳама гуфтор маро!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.