Ёр Даромад Зи Боғ Бехуду Сармаст Дӯш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ёр даромад зи боғ бехуду сармаст дӯш,
Тавбакунон тавбаро сел бибурдаст дӯш!
Ошиқи садсолаам, тавба куҷо, ман куҷо?!
Тавбаи садсоларо ёр даришкаст дӯш!
Бодаи хилватнишин дар дили хум маст шуд,
Хилвати тавбашикан маст бурун ҷаст дӯш!
Валвала дар кӯ фитод, ақл даромад, ки дод,
Муҳтасиби ақлро даст фурӯ баст дӯш!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.