Ёд Бод Он, Ки Зи Мо Вақти Сафар Ёд Накард,

Ёд бод он, ки зи мо вақти сафар ёд накард,
Ба видое дили ғамдидаи мо шод накард.
Он ҷавонбахт, ки мезад рақами хайру қабул,
Бандаи пир, надонам, зи чӣ озод накард?
Коғазинҷома ба хуноб бишӯям, ки фалак
Раҳнамунем ба пои алами дод накард.
Дил ба уммеди садое, ки магар дар ту расад,
Нолаҳо кард дар ин кӯҳ, ки Фарҳод накард.
Соя то боз гирифтӣ зи чаман, мурғи саҳар,
Ошён дар шикани турраи шамшод накард.
Шояд, ар пайки сабо аз ту биёмӯзад кор,
3-он, ки чолоктар аз ин ҳаракат бод накард.
Килки машшотаи сунъаш накашад нақши мурод,
Ҳар кӣ иқрор бад-ин ҳусни худодод накард.
Мутрибо, парда бигардону бизан роҳи «Ироқ»,
Ки бад-ин роҳ бишуд ёру зи мо ёд накард.
Ғазалиёти Ироқист суруди Ҳофиз,
Кӣ шунид ин раҳи дилсӯз, ки фарёд накард!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.