Эй Сорбон, Оҳиста Рон, К-Ороми Ҷонам Меравад!

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад!
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситрнам меравад!
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ бар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад!
Бигзашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.
Бо ин ҳама бедоди ӯ в-ин ахди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад!
Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ равонам меравад!
Боз ою бар чашмам нишин, эй дилфиреби нозанин,
К-ошӯбу ғавғо аз замин бар осмонам меравад!
Шаб то саҳар менагнавам в-андарзи кас менашнавам
Ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.
Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
– Саъдӣ, фигон аз дасти мо, лоиқ набуд, эй бевафо!
– Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.