Эй Пайки Пайхуҷиста, Ки Дорӣ Нишони Дӯст!

Эй пайки пайхуҷиста, ки дорӣ нишони дӯст!
Бо мо магӯ ба ҷуз сухани дилнишони дӯст!
Ҳол аз даҳони дӯст шунидан чй хуш бувад!
Ё аз даҳони он, ки шунид аз даҳони дӯст!
Гар зар фидои дӯст кунанд аҳли рӯзгор,
Мо сар фидои пои рисолатрасони дӯст!
Эй ёри ошно, алами корвон куҷост?
То сар ниҳем бар қадами сорбони дӯст!
Дардову ҳасрато, ки инонам зи даст рафт,
Дастам намерасад, ки бигирам инони дӯст!
Ранҷури ишқи дӯст чунонам, ки ҳар кӣ дид,
Раҳмат кунад, магар дили номеҳрубони дӯст!
Гар дӯст бандаро бикушад, ё бипарварад,
Таслим аз они бандаву фармон аз они дӯст!
Гар остини дӯст бияфтад ба дасти ман,
Чандон, ки зиндаам, сари ман в-остони дӯст!
Бе ҳасрат аз ҷаҳон наравад ҳеҷ кас бадар,
Илло шаҳиди ишқ ба тиру камони дӯст.
Баъд аз ту ҳеҷ дар дили Саъдӣ асар накард,
В-он кист дар ҷаҳон, ки бигирад макони дӯст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.