Эй, Ки Гуфтӣ «ҳеҷ Мушкил Чун Фироқи Ёр Нест»,

Эй, ки гуфтӣ «Ҳеҷ мушкил чун фироқи ёр нест»,
Г ар умеди васл бошад, ҳамчунон душвор нест.
Халқро бедор бояд буд аз оби чашми ман,
В-ин аҷаб, к-он вақт мегирям, ки кас бедор нест.
Нӯки мижгонам ба сурхй бар баёзи рӯи зард
Қиссаи дил менависад, ҳоҷати гуфтор нест!
Бедилонро айб кардам, лоҷарам бедил шудам,
Он гунаҳро ин уқубат ҳамчунон бисёр нест.
Эй насими субҳ агар боз иттифоқе афтадат,
Офарин гӯӣ бар он ҳазрат, ки моро бор нест.
Борҳо рӯй аз парешонӣ ба девор оварам,
В-ар ғами дил бо касе гӯям, беҳ аз девор нест.
Мо забон андар кашидем аз ҳадиси халқу рӯй,
Гар ҳадисе ҳаст бо ёр аст, бо агёр нест.
Қодирӣ бар ҳар чӣ мехоҳӣ магар озори ман,
3-он ки гар шамшер бар фарқам ниҳй, озор нест.
Эҳтимоли неш кардан воҷиб аСт аз баҳри нӯш,
Ҳамли кӯҳи Бесутун бар ёди Ширин бор нест.
Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор не,
Моҳро монй, валекин моҳро гуфтор нест.
Гар дилам дар ишқи ту девона шуд, айбаш макун,
Бадр бенуқсону зар беайбу гул бехор нест!
Лавҳашаллаҳ аз қаду болои он сарви сиҳӣ,
3-он ки ҳамтояш ба зери гунбади даввор нест!
Дӯстон гӯянд: «Саъдӣ, хайма бар гулзор зан»,
Ман гулеро дӯст медорам, ки дар гулзор нест.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.