Эй Валвалаи Ишқи Ту Бар Ҳар Сари Кӯе!

Эй валвалаи ишқи ту бар ҳар сари кӯе!
Рӯи ту бибурд аз дили мо ҳар гами рӯе.
Охир сари мӯе ба тараҳҳум нигар онро,
К-оҳе бувадаш таъбия бар ҳар буни мӯе.
Кам менашавад ташнагии дидаи шӯхам,
Бо он ки равон кардаам аз ҳар мижа ҷӯе.
Эй ҳар тане аз меҳри ту афтода ба кунҷе,
В-эй ҳар диле аз шавқи ту овора ба сӯе!
Мо як дилу ту шарм надорй, ки бароӣ
Ҳар лаҳза ба дасгонею ҳар рӯза ба хӯе.
Дар кон набувад чун тани зебои ту симе,
В-аз санг нахезад чу дили сахти ту рӯе.
Барҳам назанад дасти хазон базми раёҳин,
Гар бод ба бӯстон барад аз зулфи ту бӯе!
Бо ин ҳама майдони латофат, ки ту дорй,
Саъдӣ чӣ бувад дар хами чавгони ту? -Гӯе!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.