Эй Ба Дидори Ту Равшан Чашми Оламбини Ман!

Эй ба дидори ту равшан чашми оламбини ман!
Охират раҳме наояд бар дили мискини ман?
Сӯзнок афтода чун парвонаам дар пои ту,
Худ намесӯзад дилат чун шамъ бар болини ман?!
То туро дидам, ки дорӣ Сунбула бар офтоб,
Осмон ҳайрон бимонд аз ашки чун Парвини ман!
Гар баҳорон лолаю насрин нарӯяд, гӯ: «марӯй!»
Парда бардор, эй баҳори лолаю насрини ман!
Гар ба раъной бурун ой, дареғо сабру ҳуш!
В-ар ба шӯхӣ дархиромӣ, вой ақлу дини ман!
Хор то кай? Лолае дар боғи уммедам нишон,
Захм то кай? Марҳаме бар ҷони дардогини ман!
На умед аз дӯстон дорам, на бим аз душманон!
То қаландарвор шуд дар кӯи ишқ оини ман!
Аз туршрӯии душман дар ҷавоби талхи дӯст,
Кам нагардад шӯриши табъи суханширини ман.
Халқро бар нолиши ман раҳмат омад чанд бор,
Худ нагӯӣ: «Чанд нолад Саъдии ғамгини ман?!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.