Шоҳ Кушодаст Рӯ Дидаи Шаҳбин Кирост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шоҳ кушодаст рӯ, дидаи шаҳбин кирост!
Бодаи гулгуни шаҳ бар гулу насрин кирост?!
Шоҳ дар ин дам ба базм пойи тараб дарниҳод,
Бар сари зонуи шаҳ такяву болин кирост?!
Пеши рухи офтоб чарх паёпай кӣ зад?!
Дар тутуқи абри тан моҳ ба таъйин кирост?!
Соғари мо мешумурд, вай бишуда аз шумор,
Гар бинашуд аз шумор, соғари пешин кирост?!
Аз асари рӯйи шаҳ ҳар нафасе шоҳиде,
Сар кашад аз ломакон гӯяд: “Кобин кирост?!”
Ай бас мурғони об бар лаби дарёи иш,
Синаи сайёд ку?! Дидаи шоҳин кирост?!
Ҳин, ки буроқони ишқ дар чаманаш мечаранд,
Танг даромад висол, лойиқашон зин кирост?!
Симбари хуби ишқ рафт ба хиргоҳи дил,
Чиҳраи зар лойиқи он бари симин кирост?!
Хусрави ҷон Шамси дин – мафхари табрезиён,
Дар ду ҷаҳон ҳамчу ӯ шоҳи хушойин кирост?!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.