Шаби Ошиқони Бедил Чӣ Шаби Дароз Бошад

Шаби ошиқони бедил чӣ шаби дароз бошад
Ту биё, к-аз аввали шаб дари субҳ боз бошад!
Аҷаб аст агар тавонам, ки сафар кунам зи дастат,
Ба куҷо.равад кабӯтар, ки асири боз бошад?
Зи муҳаббатат нахоҳам, ки назар кунам ба рӯят,
Ки муҳибби содиқ он аст, ки покбоз бошад.
Ба карашмаи иноят нигаҳе ба сӯи мо кун,
Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад.
Сухане, ки нест тоқат, ки зи хештан бипӯшам,
Ба кадом дӯст гӯям, ки маҳалли роз бошад?
Чӣ намоз бошад онро, ки ту дар хаёл бошӣ?
Ту, санам, намегузорй, ки маро намоз бошад!
На чунин ҳисоб кардам, чу .ту дӯст мегирифтам,
Ки санову ҳамд гӯему ҷафову ноз бошад.
Дигараш чу боз бинӣ, гами дил магӯй, Саъдӣ,
Ки шаби висол кӯтоҳу сухан дароз бошад.
Қадаме, ки баргирифтй ба вафову аҳди ёрон,
Агар аз бало битарсӣ, қадами маҷоз бошад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.