Шаби Дароз Ба Уммеди Субҳ Бедорам,

Шаби дароз ба уммеди субҳ бедорам,
Магар, ки бӯи ту орад насими асҳорам.
Анаб, ки бехи муҳаббат намедиҳад боре,
Ки бар вай ин ҳама борони шавқ меборам.
Аз остонаи хидмат куҷо тавонам рафт,
Агар ба манзили қурбат намедиҳӣ борам?
Чӣ ҷурм рафт, ки бо ман сухан намегӯӣ?
Чӣ кардаам, ки ба ҳиҷрони ту сазоворам?
Ҳанӯз бо ҳама бадаҳдият дуогӯям,
Ҳанӯз бо ҳама бемеҳрият талабгорам,
Ман аз ҳикояти ишқи ту бас кунам? Ҳайҳот!
Магар аҷал, ки бубандат забони гуфторам!
Ҳанӯз қиссаи ҳиҷрону достони фироқ
Ба сар нарафту ба поён расид тӯморам.
Агар ту умр дар ин моҷаро кунй, Саъдӣ,
Ҳадиси ишқ ба поен расад? Напиндорам!
Ҳадиси дӯст нагӯям, магар ба ҳазрати дӯст,
Яке тамом бувад мутталеъ бар асрорам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.