Чӣ Ҷурм Рафт, Ки Бо Мо Сухан Намегӯӣ

Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ
Ҷиноят аз тарафи мост, ё ту бадхӯӣ?
Ту аз набот гарав бурдаӣ ба ширинӣ,
Ба иттифоқ, валекин наботи худрӯӣ!
Ҳазор ҷон ба иродат туро ҳамеҷӯянд,
Ту, сангдил, ба латофат диле намеҷӯӣ!
Валек бо ҳама айб аз ту сабр натвон кард,
Биёву гар ҳама бад кардй, ки некӯӣ!
Ту бад магӯй в-агар низ хотират бошад,
Бигӯй аз он лаби ширин, ки нек мегӯӣ!
Гулам набояду сарвам ба чашм дарнояд,
Маро висоли ту бояд, ки сарви гулбӯӣ!
Ҳазор ҷома сипар сохтему ҳам бигзашт,
Хаданги ғамзаи хубон зи далқи нӯҳтӯӣ.
Ба дасти ҷаҳд нашояд гирифт домани ком,
Агар нахоҳадат, эй нафс, хира мегӯӣ!
Дуруст шуд, ки ба як дил ду дӯст натвон дошт,
Ба тарки хеш бигӯй, эй ки толиби ӯӣ!
Ҳамин ки пой ниҳодӣ бар остонаи ишқ,
Ба даст бош, ки даст аз ҷаҳон фурӯ шӯӣ!
Дарознои шаб аз чашми дардмандон пурс,
Ту қадри об чӣ донӣ, ки бар лаби ҷӯӣ!
Зи хоки Саъдии бечора бӯи ишқ ояд,
Ҳазор сол пас аз марги ӯ, агар бӯӣ…
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.