Чӣ Қоматӣ, Ки Зи Сар То Қадам Ҳама Ҷонӣ,

Чӣ қоматӣ, ки зи сар то қадам ҳама ҷонӣ,
Чӣ суратӣ, ки ба ҳеҷ одамӣ намемонӣ?
На суратӣ, ки гули гулситони фирдавсӣ
На қоматӣ, ки сиҳисарви бори ризвонӣ.
Басе ҳикояти ҳуснат шунидаам, ҷоно,
Кунун, ки дидамат, алҳақ, ҳазор чандонӣ.
Танам чу чашми ту дорад нишони беморӣ,
Дилам чу зулфи ту дорад сари парешонӣ.
Зи хоки пои азизи ту рӯ нагардонам,
Гарам ба дасти фироқат ба сар бигардонӣ.
Зи ҷустуҷӯи ту наншинам, арчи ҳар нафасам
Миёни хуни дилу оби дида биншонӣ.
Ту чун сипеҳр ҷафопешаиву ахволам
Чу рӯзгор ниҳодаст рӯ ба вайронӣ.
Зи рӯи лутфу тараҳҳум чаро набахшои?
Чу дарду меҳнати Ҳофиз яқин ҳамедонӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.