Чӣ Рӯяст Он Ки Дидораш Бибурд Аз Ман Шикебоӣ,

Чӣ рӯяст он ки дидораш бибурд аз ман шикебоӣ,
Гувоҳӣ медиҳад сурат бар ахлоқаш ба зебоӣ.
Нигорино, ба ҳар тундӣ, ки мехоҳӣ ҷавобам деҳ,
Агар талх иттифоқ афтад, ба ширинй бияндоӣ.
Дигар чун ношикебое бубинам, содиқаш хонам,
Ки ман дар нафси хеш аз ту намебинам шикебоӣ.
Аз ин пас айби шайдоён нахоҳам карду мискинон,
Ки донишманд аз ин сурат барорад сар ба шайдоӣ.
Ҷунонам дар диле ҳозир, ки ҷон дар ҷисму хун дар раг,
Фаромӯшам наӣ вақте ки дигар вақт ёд оӣ.
Шабе хуш ҳар ки мехоҳад, ки бо ҷонон ба рӯз орад,
Басе шаб рӯз гардонад ба торикиву танҳоӣ.
Биё, эй лӯьбати соқӣ, бигӯ, эй кӯдаки мутриб,
Ки сӯфӣ дар самоъ ояд, дутоӣ кард яктоӣ.
Сухан пайдо бувад Саъдӣ, ки ҳаддаш то куҷо бошад,
Забон даркаш, ки манзурат надорад ҳадци зебоӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.