Чӣ Буд, Ар Дили Он Мох Меҳрубон Будӣ,

Чӣ буд, ар дили он мох меҳрубон будӣ,
Ки ҳоли мо на чунин будӣ, ар чунон будӣ.
Бигуфтамӣ, ки чӣ арзад насими турраи дӯст,
Гарам ба ҳар сари мӯе ҳазор ҷон будӣ.
Бароти хушдилии мо чӣ кам шудӣ, ё раб,
Гараш нишони амон аз бади замон будӣ?
Гарам замона сарафроз доштиву азиз,
Сарири иззатам он хоки остон будӣ.
Зи парда кош бурун омадӣ, чу қатраи ашк,
Ки бар ду дидаи мо ҳукми ӯ равон будӣ.
Агар на доираи ишқ роҳ барбастӣ,
Чу нуқта Ҳофизи саргашта дар миён будӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.