Чу Шаб Шуд Ҷумлагон Дар Хоб Рафтанд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу шаб шуд, ҷумлагон дар хоб рафтанд,
Ҳама чун моҳиён дар об рафтанд!
Ду чашми ошиқон бедор то рӯз,
Ҳама шаб сӯйи он миҳроб рафтанд!
Чу эшонро ҳариф аз андарун аст,
Чи ғам доранд, агар асҳоб рафтанд?!
Ҳама дар ғуссаву дар тобу ушшоқ
Ба сӯйи турраи пуртоб рафтанд!
Ҳама андар ғами исботу эшон
Қаландарвор беисбот рафтанд!
Кӣ ёбад гарди эшонро, ки эшон
Чу барқу бод сахтиштоб рафтанд?!
Ту чун далвӣ, бар ин дӯлоб мегард,
Ки эшон бар ту аз дӯлоб рафтанд!
Бибин, онҳо, ки банди сим буданд,
Даруни хок чун симоб рафтанд!
Бибин, инҳо, ки симинбар гузиданд,
Ба рӯйи сурхи чун унноб рафтанд!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.