Чу Сарв Агар Бихиромӣ Даме Ба Гулзоре,

Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре,
Хӯрад зи ғайрати рӯи ту ҳар гуле хоре.
Зи куфри зулфи ту ҳар ҳалқаеву ошӯбе,
Зи сеҳри чашми ту ҳар гӯшаеву беморе.
Марав чу бахти ман, эй чашми масти ёр, ба хоб.
Ки дар пай аст зи ҳар сӯят оҳи бедоре.
Нисори хоки раҳат нақди ҷони ман, ҳарчанд
Ки нест нақди равонро бари ту миқдоре.
Дило, ҳамеша мазан лофи зулфи дилбандон,
Чу тирарой шавӣ, кай кушоядат коре?
Сарам бирафту замоне ба сар нарафт ин кор,
Дилам гирифту набудат ғами гирифторе,
Чу нуқта, гуфтамаш, андар миёни доира ой,
Ба ханда гуфт, к: «Эй Ҳофиз, ин чӣ паргоре?»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.