Чу Булбули Саҳарӣ Баргирифт Навбати Бом,

Чу булбули саҳарӣ баргирифт навбати бом,
Зи тавбахонаи танҳоӣ омадам бар бом.
Нигоҳ мекунам аз пеш рояти хуршед,
Ки мебарад ба уфуқ парчами сипоҳи зулом.
Баёзи рӯз баромад чу аз дувоҷи сиёҳ,
Бараҳна боз нишииад яке сапедандом.
Дилам ба ишқ гирифтору ҷон ба меҳр гарав,
Даромад аз дарам он дилфиреби ҷонором.
Сарам ҳанӯз чунон масти бӯи он нафас аст,
Ки бӯи анбару гул раҳ намебарад ба машом.
Дигар ман аз шаби торик ҳеҷ ғам нахӯрам,
Ки ҳар шаберо рӯзе муқаддар аст анҷом.
Тамом фаҳм накардам, ки арғувону гул аст
Дар остинаш, ё дасту соиди гулфом?
Дар обгинааш обе агар қиёс кунӣ,
Надонӣ об кадом асту обгина кадом?
Биёр, соқӣ, дарёи Машриқу Мағриб,
Ки дер маст шавад, ҳар ки май хӯрад ба давом.
Ман он наям, ки ҳалол аз ҳаром нашносам,
Шароб бо ту ҳапол асту об бе ту ҳаром!
Ба ҳеҷ шаҳр набошад чунин шакар, ки туӣ,
Ки тӯтиёне чу Саъдӣ дароварй ба калом!
Раҳо намекунад ин назми чун зиреҳ дар ҳам,
Ки хасм теги тааннут бароварад зи ниём.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.