Чу Бод, Азми Сари Кӯи Ёр Хоҳам Кард,

Чу бод, азми сари кӯи ёр хоҳам кард,
Нафас ба бӯи хушаш мушкбор хоҳам кард.
Ба ҳарза бе маю маъшуқ, умр мегузарад,
Батолатам бас, аз имрӯз кор хоҳам кард.
Ҳар обрӯй, ки андӯҳтам зи донишу дин,
Нисори хоки раҳи он нигор хоҳам кард.
Чу шамъи субҳдамам шуд зи меҳри ӯ равшан,
Ки умр дар сари ин кору бор хоҳам кард.
Ба ёди чашми ту худро хароб хоҳам сохт,
Бинои аҳди қадим устувор хоҳам кард.
Сабо куҷост, ки ин ҷони хунгирифта чу гул,
Фидои накҳати гесуи ёр хоҳам кард.
Нифоқу зарқ набахшад сафои дил, Ҳофиз,
ТариКи риндиву ишқ ихтиёр хоҳам кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.