Чу Баршикаст Сабо Зулфи Анбарафшонаш,

Чу баршикаст сабо зулфи анбарафшонаш,
Ба ҳар шикаста, ки пайваст, тоза шуд ҷонаш.
Куҷост ҳамнафасе, то ба шарҳ арза диҳам,
Ки дил чӣ мекашад аз рӯзгори ҳичронаш?
Замона аз варақи гул мисоли рӯи ту баст,
Вале зи шарми ту дар ғунча кард пинҳонаш.
Ту хуфтаиву нашуд ишқро карона надид,
Таборакаллаҳ аз ин раҳ, ки нест поёнаш.
Ҷамоли Каъба магар узри раҳравон хоҳад,
Ки ҷони зиндадилон сӯхт дар биёбонаш?
Бад-ин шикастаи байтулҳазан кӣ меорад,
Нишони Юсуфи дил аз чаҳи занаҳдонаш?
Бигирам он сари зулфу ба дасти хоҷа диҳам,
Ки сӯхт Ҳофизи бедил зи макру дастонаш.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.