Чун Шавам Хоки Раҳаш, Доман Бияфшонад Зи Ман,

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман,
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман.
Рӯи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Чашми худро, гуфтам, охир, як назар сераш бибин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯи хун ронад зи ман?»
ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман!
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, бар ғамам хандон шавад,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман.
Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред,
К-ӯ ба чизе мухтасар чун боз мемонад зи ман?
Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.