Чун Дар Ҷаҳон Хубӣ Имрӯз Комгорӣ,

Чун дар ҷаҳон хубӣ имрӯз комгорӣ,
Шояд, ки ошиқонро коме зи лаб барорӣ?
Бо ошиқони бедил то чанд нозу ишва?
Бар бедилони мискин то кай ҷафову хорӣ?
То чанд ҳамчу чашмат дар айни нотавонӣ?
То чанд ҳамчу зулфат дар тобу беқарорӣ?
Дарде, ки аз ту дорам, ҷавре, ки аз ту бинам,
Гар шаммае бидонӣ, шояд, ки раҳмат орӣ
Асбоби ошиқиро бисёр моя бояд,
Дилҳои ҳамчу оташ, чашмони рӯдборӣ.
Дар ҳаҷр монда будам, боди сабо расонид,
Аз бӯстони васлат бӯи умедворӣ.
Гарчи ба бӯи васлат дар ҳашр зинда гардам,
Сар барнаёрам аз хок аз рӯи шармсорӣ.
Аз бодаи висолат, гар ҷуръае бинӯшам,
То зиндаам, наварзам, оини ҳушёрӣ.
Мо бандаему оҷиз, ту ҳокимиву қодир,
Гар мекашӣ ба зӯрам в-ар мекушӣ ба ворӣ.
Охир, тараҳҳуме кун бар ҳоли зори Ҳофиз,
То чанд ноумедӣ, то чанд хоксорӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.