Чашмат Хуш Асгу Бар Асари Хоб Хуштар Аст,

Чашмат хуш асгу бар асари хоб хуштар аст,
Таъми даҳонат аз шакари ноб хуштар аст.
Зинҳор, аз он табассуми ширин, ки мекунӣ,
К-аз хандаи шукуфаи сероб хуштар аст!
Шамъе ба пеши рӯи ту гуфтам, ки оварам,
Ҳоҷат ба шамъ неет, ки маҳтоб хуштар аст!
Дӯш орзуи хоби хушам буд як замон,
Имшаб назар ба рӯи ту аз хоб хуштар аст!
Дар хобгоҳи ошиқи сар бар канори дӯст,
Кимухти хорпушт зи синҷоб хуштар аст.
3-он сӯи баҳри оташ агар хониям ба луфт,
Рафтан ба рӯи оташам аз об хуштар аст.
3-оби равону сабзаву саҳрову лолазор
Бо ман магӯ, ки чашм дар аҳбоб хуштар аст!
Заҳрам мадеҳ ба дасти рақибони тундхӯ,
Аз дасти худ бидеҳ, ки зи ҷуллоб хуштар аст.
Саъдӣ дигар ба гӯшаи вахдат намеравад!
Хилват хуш асту сӯҳбати асҳоб хуштар аст!
Ҳар боб аз ин китоби нигорин, ки баркунӣ,
Ҳамчун биҳишт гӯӣ аз он боб хуштар аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.